Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХОГИГИЕНА

ПСИХОГИГИЕНА

ПСИХОГИГИЕНА, як соҳаи гигиенаро гӯянд, ки чораҷӯй ва роҳҳои ташаккулу устувор гардонидани саломатии рӯҳии одамон ва усулҳои пешгирӣ кардани бемориҳои рӯҳии Психогигиенаро психологияи иҷтимоӣ ва умумӣ, психотерапия, психиатрияи иҷтимоӣ ва физиологияи фаъолияти олии асаб ташкил менамоянд. Ба беморхона хобондани беморони асабу рӯҳӣ усули муҳими Психогигиена ба шумор меравад. Пешгирӣ намудани осеби рӯҳии бачагон ва коркарди усулҳои беҳтар намудани просессҳои таълим дар мактабҳои миёна ва олӣ масъалаҳои муҳими Психогигиена мебошанд. Психогигиена аз қисматҳои зерин иборат аст; Психогигиенаи истеҳсолӣ (Психогигиенаи меҳнат), Психогигиенаи меҳнати фикрӣ, Психогигиенаи ҳаёти ҷинсӣ ва муносибатҳои оилавӣ, Психогигиенаи кӯдакон ва наврасон, Психогигиенаи одамони солхӯрда.

ravonshinosi-psix

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …