Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХОАНАЛИЗ

ПСИХОАНАЛИЗ

ПСИХОАНАЛИЗ (аз психо ва юнонӣ analusis —ба қисмҳо ҷудошавӣ), ме­тоди психотерапия ва таълимоти психологиест, ки просессҳои пайдоиши ҳаракатҳои рӯҳии бешуурона ва ваҷҳи амал (мотиватсия)-ро таҳқиқ мекунад. Бунёди Психоанализро охири асри 19 ва аввали асри 20 духтури австрияги 3. Фрейд гузошт.

psixoanaliz

Аз Психоанализ, ки назарияи конкрет ва методи психотерапия мебошад, фрейдизмро, ки рукнҳои Психоанализро ба дараҷаи припсипҳои фалсафию антропологӣ мебардорад, фарқ бояд кард. Баъзе рукнҳои Психоанализро дар осори Ж. Шарко ва П. Жане (назарияи психологии неврозҳо) дучор метавон кард. Ҳанӯз соли 1882 психиатри венагӣ Й. Брейер қайд карда буд, ки агар бо ёрии гипноз дардманд сабаби фаромушшудаи маҷруҳиашро ба хотир оварда тавонад, шаклҳои вазнини ҷунуниро ҳам муолиҷа кардан мумкин аст. Дертар Фрейд гипнозро бо методи ассотсиатсияҳои озод, ки он асоси техникаи Психоанализ гардид, иваз намуд.

Ошкор шуд, ки воқеаҳои хотирозор, таассуроти пурэҳтирос, орзуву ҳаваси ба амал набаромада ва ғайра аз психика тамоман нест нашуда, фақат аз шуур ба таҳтушшуур ронда мешаванд ва аз он ҷо ба олами рӯҳонии инсон фаъолона таъсир мекунанд (басе ноаён, дар шакли аломатҳои неврозӣ). Аломатҳои неврозиро Психоанализ айнан ташкилаҳои психикии муросоандозе медонад ки дар натиҷаи бархӯрди майлу рағбатҳо ин манъи ботинӣ (охири ифодаи муқовимати шуур ба тамоюлҳо ва таконҳои  хатарноки таҳтушшуур бувад) сурат гирифтаанд. Психоанализ дар Европа баъди ташкил ёфтани Ассо­тсиатсияи психологии байналхалқӣ (1908), хусусан дар солҳои Ҷанги (якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) нуфуз пайдо кард. Соли 1920 дар Берлин Институти психоанализ таъсис ёфт, ки он духтурони аналитик тайёр мекард.Баъд Психоанализ дар Британияи Кабир, хусусан дар ИМА босуръат инкишоф ёфт.

Психоанализ барои инкишофи самтҳои пси­хологияи жарфоии муосир замина фароҳам овард. Зиддиятҳои дохилии консепсияҳои Психоанализи Фрейд ва пайравони ӯ боиси пайдоиши мактабу ҷараёнҳои нав — психологияи индивидуалии А. Адлер, психологияи аналитикии К. Г. Юнг ва ғайра гардиданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) Психоанализ дар Европа бо таъсири фалсафаи идеалистии экзистенси­ализм, феноменология, неотомизм, дар ИМА — неофрейдизм хеле ин­кишоф ёфт. Як қатор ҷараёнҳои модернистии санъат ва адабиёти асри 20 (мактаби «ҷараёни шуур», сюр­реализм ва ғайра) кӯшиш доранд методҳои Психоанализро ба кор баранд.

Психоанализ ба адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, санъатшиносӣ ва дигар илмҳои гуманитарии Ғарб таъсир расонидааст.

Психологияи муосир хизмати Психоанализро дар таҳлилу таркиби як қатор падидаҳои муҳимми психикаи одами, мақоми таҳтушшуур дар пайдоиши неврозҳо, дар ташаккули шахсият ва рафтору кирдори одами эътироф намуда, дар айни замон, онро барои сарфи назар кардани омилҳои иҷтимоӣ дар амалиёту фаъолияти ода­ми, риоя накардани усулу услубҳои дар илм маъмули исбот ва тафтиши фикру ақидаҳо танқид мекунад. Ба дараҷаи ҳамагонӣ (универсалӣ) бардоштани мафҳумҳои психоаналитикӣ, ба хадди принсипҳои фалсафӣ (идеалистӣ) расонидани онҳо дар фрейдизм боиси маънидоди вайрони падидаҳои ҷамъиятию фарҳангӣ ва назарияи шахсият гардид.

Ҳоло дар психологияи советӣ падидаҳои таҳтушшуурӣ дар асоси корҳои тадқиқотии Д. Н. Узнадзе ва И. П. Павлов, инчунин П. К.. Ано­хин, Л. С. Выгодский, А. Н. Леон­тьев, С. Л. Рубинштейн ва дигарон омӯхта мешаванд. Бо ташаббус ва иштироки фаъолонаи онҳост, ки соли 1979 дар Тбилиси Конференсияи навбатии байналхалқӣ оид ба Проб­лемаи таҳтушшууриёт дар CСCP баргузор гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …