Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХИКА

ПСИХИКА

psixika

ПСИХИКА (аз юнонӣ psychikos — рӯҳонн), р ӯ ҳ и я,  р ӯ ҳ и я т, хосла­та материли олитараққӣ, як шакли хоси инъикоси воқеияти объекти­вист; натиҷаи таъсири мутақобили организмҳои зинда бо муҳит. Муҳимтарин хусусияташ — фаъолиятмандӣ. Психика дар зинаи муайяни таҳаввули биологӣ ба вуҷуд омадааст. Шакли одии Психика шуур мебошад, ки фақат ба одам хос буда, маҳсули инкишофи ҷамъиятию таърихист. Психикаи ҳайвонот ниҳоят оддӣ буда, ба қонунҳои биологӣ тобеъ аст. Амалоти психикӣ (эҳсос, идрок, хотира, ҳиссиёт, ирода, тафаккур ва ғайра)-ро психология меомӯзад.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …