Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХАСТЕНИЯ

ПСИХАСТЕНИЯ

psixasteniya

ПСИХАСТЕНИЯ (аз психо… ва юнонӣ astheneia — заъф, беқувватӣ), як навъи неврозро гӯянд, ки аз ғояти беҷуръатӣ, ваҳмакӣ, ғалабаи хаёлоти таваҳҳумомез, хавфу бадгумонӣ, нобоварӣ ба худ ва ғайра иборат аст. Бино ба таълимоти И. П. Павлов рӯҳсустӣ натиҷаи сусткории зерқишру системаи сигналии якум ва бартарии фаъолияти қишри майнаю системам сигнали дуюм мебошад. Беморони рӯҳашон заиф бисёр нотинҷу серташвиш, хиҷолатманду шубҳабар, камҳавсалаю хӯрдагир ме­шаванд.

М у о л и ҷ а:  асосан рӯҳшифоӣ (психотерапия); меҳнатшифоист. Илоҷи адвиётӣ (доруҳои оромбахш) низ равост.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …