Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСИММИТҲО

ПСИММИТҲО

psimitho

ПСИММИТҲО (юнонӣ psammites—регӣ, аз psаmmos — peг), ҷ и н с ҳ о и регӣ, ҷинсҳоеро гӯянд, ки зиёда аз 50%-и онҳоро донаҳои минерал ва ҷинспораҳои андозаашон аз 0,05 то 1 мм ташкил медиҳанд. Хелҳои пошхӯрандаи Псиммитҳоро рег ва хелҳои сементшудаи онро регсанз меноманд. Псиммитҳо таркибан ба ҷннсҳои мономинералӣ (бештар квартсдор), олигомиктӣ (бештар квартсу шпатҳои даштидор) ва полиминералӣ (регҳои аркозӣ ва грауваккаҳо) тақсим мешаванд. Псиммитҳо асосан дар натиҷаи фарсоиши механикии ҷинсҳои кӯҳӣ ва кӯчида ҷамъ шудани ҷинспораҳо ба вуҷуд меоянд. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ, одатан, қабатҳои ғафс ва аз минералҳои гуногун бои Псиммитҳо ҷамъ мешаванд. Дар ҳамвориҳо бошад, қабатҳои начандон  ғафси Псиммитҳо мавҷуданд, ки онҳо аз донаҳои квартс ва дигар минералҳои ба фарсоиш тобовар таркиб ёфтаанд. Баъзе Псиммитҳо худ бевосита сарвати зеризаминианд (масалан, peг ва регсанг масолеҳи бинокорианд) ё дар таркибашон нефту газ, баъзан алмос, тилло, платина ва металлҳои дигари пошхӯрдаро доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …