Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСЕФИТҲО

ПСЕФИТҲО

psefitho

ПСЕФИТҲО (аз юнонӣ psephos — сангреза), ҷинспораҳои ка­лон, ҷинсҳои таҳшиниеро гӯянд, ки зиёда аз 50%-и таркибашон аз ҷинспораҳои калон (диаметрашон аз 2 мм зиёд) иборат аст. Ҷинспораҳо нисбатан лӯнда (харсангҳо, қайроқсангҳо, сангчол, чиғил) ва қиррадор (харсангҳои паҳлудор, сангмайда) мешаванд. Псефитҳоро ба ҷинсҳои пошхӯранда (шағал, чиғил) ва сементшуда (конгломерат, брек­чия, чиғилсанг) тақсим мекунанд. Қабатҳои ғафси Псефитҳо бештар дар ноҳияи кӯҳӣ, водии дарёҳо ва соҳили баҳрҳо вомехӯранд. Баъзе Псефитҳо (шағал, конгломерат, брекчия ва ғайра)-ро дар бинокорӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …