Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРУСТИТ

ПРУСТИТ

prustit

ПРУСТИТ (аз номи химики франсавӣ Ж. Л. Пруст), минерал. Системаи кристаллбандиаш тригоналӣ. Дар шакли кристалл, агрегатҳои дона-дона ва ҳяклухт вомехӯрад. Рангаш сурхча; ҷилояш алмосӣ. Сахтааш 2—2,5; зичиаш 5570—5670 кг/м3; мӯрт. Ҷараёни электрро намегузаронад. Прустит асосан дар конҳои гидротермалии сурбу руҳ ва нуқра пайдо мешавад. Маъдани асосии нуқра аст. Конҳои он дар СССР (Олтой, Шарқи Дур, Қазоқистон ва Осиёи Миёна) мавҷуданд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …