Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРУССҲО

ПРУССҲО

prussho

ПРУССҲО, гурӯҳи қабилаҳое, ки аз қадим дар соҳили ҷанубии баҳри Балтика байни шохоби дарёҳои Висла ва Неман маскун буданд. Маданияти моддии Пруссҳои қадим ба маданияти летто-литвониҳо, инчунин славянҳои аз ҷиҳати забон хеш айният дорад. Номи Пруссҳо аз асри 9 дучор меояд. Маъхазҳои таърихии асрҳои 9— 13 оид ба таназзули сохти ҷамоаи ибтидоию пайдоиши синфҳо ва давлат дар байни Пруссҳо маълумот медиҳанд. Ибтидои асри 13 11 музофоти Пруссҳо конфедератсияеро ташкил медод, ки онро ашрофон идора мекарданд. Ба ташаккули ҷамъияти феодалӣ ва давлати Пруссҳо таҷовузи феодалони ка­толики немис монеъ шуд. Солҳои 30 асри 13 Ордени тевтон ба забти заминҳои Пруссҳо шурӯъ намуд. Дар натиҷа аксарияти Пруссҳо қир карда шуданд. Сарзамини Пруссҳо Пруссия ном гирифтааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …