Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРУС Болеслав

ПРУС Болеслав

prus-boleslaw

ПРУС (Prus) Болеслав (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Александр Гловатск и й; 20.8.1847, Хрубешув, наздикии Люблин—19. 5. 1912, Варшава), нависандаи поляк. Солҳои 1866—1868 дар факултети физика ва математикаи Мак­таби олии Варшава таҳсил намудааст. Асарҳояш аз соли 1872 чоп шу­даанд. Дар газетаҳои Варшава ҳамкорӣ намудааст (1874—1903); солҳои 1882—1883 муҳаррири журнали «Новины» («Nowiny») буд. Ҳикояҳои аввалинаш хусусияти ҳаҷвӣ доштанд, ва­ле аз миёнаҳои солҳои 70 бештар ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ дахл кардааст («Қаср ва кулба» ва ғайра). Солҳои 80 якчанд новелла эҷод на­муд («Михалко», «Анелка», ҳар ду—1880; «Антек», 1881). Барои бачагон низ асарҳо навиштааст («Қисмати ятимон», 1876). Муаллифи повестҳои «Мавҷи баргашта» (1880), «Пешоҳанг» (1885). Прус офарандаи навъи нави романи иҷтимоии пси­хологӣ мебошад («Лухтак», 1887—1889). Дар романи «Занҳои озодгашта» (1891—93) манзараҳои зиндагии мардуми Варшава ва ноҳияҳои атрофи он тасвир ёфтаанд. Романи «Фиръавн» (1895—1896) дар мавзӯи таърихӣ эҷод шудааст. Дар романи «Бачаҳо» (1908) Прус ба мавзӯи Револютсия 1905—1907 муроҷиат намуд, вале аҳамияту моҳияти онро дуруст дарк накардааст. Романи нотамоми Прус— «Дигаргуниҳо» (1911), ки дар он образи студенти сотсиалисти рус офарида шудааст, аз таваҷҷӯҳи ӯ ба ақидаҳои пешқадами замонаш шаҳодат медиҳад. Асарҳои Прус ба бисёр забонҳои европоӣ тарҷума шудаанд.

IОс.: Сочинения, т. 1—7, М., 1961—63.

Ад.: Ц ы б е н к о Е. 3.. Болеслав Прус, дар кит.: История польской литературы, т. 1, М., 1968.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …