Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРУНАРИУ Думитру

ПРУНАРИУ Думитру

prunariudumdorian

ПРУНАРИУ Думитру (27. 9. 1952), шаҳри Брашов), лётчики кайҳоннаварди Республикаи Сотсиалистии Руминия, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1981), Қаҳрамони Республикаи Со­тсиалистии Руми­ния (1981). Аъзои Партияи Ком­мунистии Руми­ния аз соли 1973.

Баъди хатми Ин­ститути политехникии Бухарест (1976) чанд муддат дар заводи авиатсионӣ инженер шуда кор кард. Баъд мактаби ҳарбӣ-авиатсионии офитсеронро хатм намуда дар полки авиатсионии Армияи халқии Руминия хизмат кард. Унвони ҳарбиаш подполковник — инженер (1981). Аз марти 1978 дар Маркази тайёрии кайҳоннавардон ба номи Ю. А. Гагарин аз рӯи про­граммаи «Интеркосмос» ба парвози кайҳонӣ тайёрӣ дид. Мувофиқи про­граммаи киштии идорашавандаи «Союз» ва стансияи мадории «Са­лют» курси пурраи тайёриро  гузашт. 14 май 1981 дар киштии кайҳонии «Союз-40» (ҳамроҳи Л. И. Попов) ба кайҳон парвоз намуд. Киштии «Союз-40» 15. 5. 81 ба стан­сияи мадории «Салют-6» қӯш шуд. Кайҳоннавардон П. Попов ва эки­пажи асосии «Салют-6» В. В. Ко- валёпок, В. П. Савиных дар кайҳон 7 рӯз якҷоя парвоз карданд. Баъ­ди иҷрои бомуваффақияти программаи парвоз, ки олимони Республи­каи Сотсиалистии Руминия ва СССР тартиб дода буданд, кайҳоннавардон Прунариу ва Попов 22 май 1981 бо киштии кайҳонии «Союз-40» ба Замин баргаштанд. Бо ордени Ленин ва орде­ну медалҳои Республикаи Сотсиа­листии Руминия мукофотонида шу­дааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …