Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОХОРОВ Юрий Василевич

ПРОХОРОВ Юрий Василевич

proxorov-yu-v

ПРОХОРОВ Юрий Василевич (таваллудаш 16. 12. 1929, Москва), матема­тики советӣ, акад. АФ СССР (1972;  аъзо-корр. 1966). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1949), аз соли1957 профессори Университети мазкур. Аз соли 1949 дар Институти математикаи АФ СССР ба номи В. А. Стеклов кор мекунад (аз соли 1969 ҷонишини директор). Асарҳои илмиаш асосан ба назарияи эҳтимолият алалхусус ба тадқиқи методҳои асимптотик назарияи маз­кур оиданд. Ӯ дар соҳаи назарияи классикии теоремаҳои ҳудудӣ шартҳои татбиқпазирии қонуни мукаммали ададҳои калон ва теоремаҳои локалиро ба суммаҳои бузургиҳои тасодуфии новобаста тадқиқ кард. Дар соҳаи тадқиқи теоремаҳои ҳудудии просессҳои тасодуфӣ методҳои моҳиятан навро, ки ба омӯзиши наздикшавандагии ченакҳои фазоӣ функсионалӣ асос ёфтаанд, пешниҳод кард. Методҳои мазкур аз ҷумла, дар ҳалли масъалаҳои назарияи хизмати омма ва ғайра татбиқ ёфтанд. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1970).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …