Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРУДОН Пер Жозеф

ПРУДОН Пер Жозеф

proudhon

ПРУДОН (Proudhon) Пер Жозеф (15. 1. 1809, Безансон—19. 1. 1865, Париж), сотсиалпсти майда буржуазияи франсавӣ, назарнётчии анар­хизм. Дар оилаи бочкасоз — пивопаз (аз деҳқонони майда) таваллуд ёфтааст. Аз соли 1827 ҳуруфчини матбаа, мусаҳҳеҳ, солҳои 1836—1838 шариккори матбааи хурд. Соли 1838 имтиҳони бакалавриро (дараҷаи поёнии илмӣ дар баъзе мамлакатҳои хориҷӣ) супурд; барои машғулияти илмиаш стипендияи академияи Безансонро мегирифт. Баъди интишори китобаш «Моликият чист?»  (1840, тарҷумаи русиаш 1907) машҳур гардид. Дар ин китоб Прудон моликияти калони капиталистиро дар  назар дошта, қайд карда буд, ки «моликият — дуздист». Солҳои 1844— 1845 дар Париж бо муҳоҷирон — ҷавонгегелчиён, инчунин бо К. Маркс  шиносоӣ пайдо намуд. Дар «Системаи зиддиятҳои иқтисодӣ ё фалсафаи нашшоқӣ» ном асараш, ки соли 1846 нашр гардидааст, Прудон ислоҳоти кредитию мубодилотро роҳи ҷаҳонии азнавсозии ҷамъият дониста, ба коммунизм тӯҳмат мезад. Маркс ғояҳои Прудонро дар китобаш «Қашшоқии фалсафа» (1847) сахт танқид намуд. Аз соли 1847 Прудон дар Па­риж истиқомат мекард. Дар давраи Револютсияи 1848 депутати Маҷлиси муассисои интихоб шуд. Дар асарҳои наваш лоиҳаи ҳамкории иқтисодии синфҳо ва назарияи анархистии «маҳви давлат»-ро пешбарӣ на­муд. Барои мақолаҳои тезу тундаш бар зидди президенти Франсия Луи Наполеон Бонапарт соли 1849 ба мӯҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум гардид; дар ҳабсхона фаъолияти адабию публисистиашро идома дод. Прудон та­баддулоти бонапартик 2 декабри 1851-ро ҳамчун «революцияи иҷтимоӣ»-и хоса маъқул донист. Минбаъд ҳукумати бонапартиро барои дастгирӣ намудани буржуазияи калон танқид карда, аз сиёсат дур буданро тарғиб намуд ва ба фаъолии сиёсии синфи коргар монеъ мешуд. Барои асари зиддиклерикалиаш соли 1858 аз нав ба ҳабс маҳкум гашт ва соли аз он гурехта ба Белгия ҳиҷрат намуд. Соли 1860 афв шуда, соли 1862 ба Франсия баргашт. Дар охири умраш программаи мюуюэлистонро тартиб дод. Ниг. низ Прудонизм.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …