Маълумоти охирин

ПРОТЕЗ

ПРОТЕЗ (франсавӣ prothese, аз юнонӣ prosthesic — часпондан, пайваст кар­дан), ҷиҳози механикиест, ки ягон қисми набудаи баданро иваз меку­над ва бо мақсади косметикӣ истифода мешавад. Бисёртар барои қисмҳои дасту по ва барои дандону чашм истифода мебаранд. Протезҳоро асосан аз чӯб, пӯст, пӯлод, материалҳои синтезии шарнирдори гуногунхосият месозанд. Хелҳои гуногуни Протез маълум аст. Масалан, Протези буҷулак ва пошнаи, пой (1), зону (2), соқу рон (3), косметикӣ (4), дасту оринҷ (5 ва 6), корӣ (7) ва ғайра. Конструксияи Протезҳоро дар институтҳои тадқиқоти илмии травматология, ортопедия ва протезтайёркунӣ месозанд.

protez

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …