Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОТЕСТАНТИЗМ

ПРОТЕСТАНТИЗМ

ПРОТЕСТАНТИЗМ (аз лотинӣ ргоtestans — ошкоро исботкунанда), яке аз се равияи машҳури масеҳият (дар қатори католитсизм ва право­славие). Протексионизм як қатор калисо ва фирқаҳои мустақилро, ки аз ваҷқи ибодат ва сохти ташкилӣ фарқ кар­да, дар масъалаи пайдоиш ва аҳком алоқаманданд, муттаҳид менамояд. Протестансизм дар асри 16 ҳамчун «навъи махсуси буржуазии» масеҳият бар хилофи католитсиами асримиёнагии феодалӣ пайдо шудааст. Нуктаҳои асосии аҳкоми Протестансизмро худошиносони бузурги протестантии асри 16 (асосгузорони равияи мазкур) М. Лютер, Ж. Калвин, У. Свингли асоснок намудаанд. Яке аз ақкоми асосии Протестансизм (ки бо он аз католитсизм ва православие фарқ мекунад) таълимот дар бораи «робитаи» бевоситаи одам бо худо мебошад. Мувофиқи таълимоти Протестансизм «хайри илоҳӣ» ба одам бе миёнаравии калисо ва рӯҳониён бевосита аз худо нозил ме­шавад. Наҷоти одам танҳо ба туфайли эътиқоди шахсӣ (принсипи «бо эътиқод ҳақ донистан») ба қурбонии кафоратбахши Исои Масеҳ ва иродаи илоҳӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, дар Протестансизм рӯҳониён ба диндорони оддӣ муқобил гузошта намешаванд ва ҳар як диндор мувофиқи фаҳмиши худ «каломи худо»- ро шарҳ дода метавонад (принсипи «қудсияти» ҳамаи диндорон). Ҳамаи ин боиси афзоииш талаботи озодиҳои буржуазию демократӣ, инкишофи индивидуализми буржуазӣ, ташкили калисоҳои миллӣ ва даст кашидан аз ташкилоти ягонаи динӣ (чунон, ки Ватикан дар католитсизм аст) гардид. Дар Протестансизм танҳо қисми идҳои динӣ ва ду маросим (ғусли таъмид, хӯрдани нону шароби шаръӣ) боқӣ монда, саҷдаи уқиум ва наъш (ҷасад) нест. Ибодат аслан аз вазъ, қироати якҷоя ва сурудани мазмур (забур) иборат аст. Протестантҳо рӯҳониён, фаришта ва парастиши модархудоро напазируфта, тасавурот оид ба барзах (аъроф)- ро (бар хилофи калисои католикӣ) рад мекунад. Дар Протестансизм рӯҳбоният ва беникоҳӣ расм нашудааст. Протестансизм танҳо каломи Myқаддacpo (Библия) манбаи оин дониста, ривояти муқаддасро ҳамчун бофтаи хаёли одамон инкор мекунад.

protestantizm

Дар асри 16 аз Протестансизм лютерчигӣ, калвинизм, свинглианчигӣ, англиканчигӣ (ниг. Калисои англиканӣ), апабаптизм, меннонитҳо ва ғайра ҷудо шуданд. Аз асри 17 Протестансизм дар Америкаи Шимолӣ интишор ёфта, баптизм ва квакерҳо ташаккул ёфтанд. Ҷараёнҳои нав. (асри 17 — Ибтидои аси 20) бо тарғиби шаклҳои ошкорои таъсири ди­нӣ фарқ карда, дар баъзеи он унсурҳои ирфонӣ ва ирратсионалӣ пур­зур шуданд. Ҷараён ва фирқаҳои пиетизм (охири асри 17 аз лютерчигӣ), методизм (асри 18 аз англиканчигӣ), адвентизм (солҳои 30 асри 19), пятидесятникҳо (ибтидои асри 20 аз баптизм) ҷудо шуданд. Протестансизм дар ҳаракати сотсиализми масеҳӣ мақоми хос дорад. Ба Протестансизм ибтидои асри 20 бӯҳронӣ озодандешии (либерализми) динӣ, пурзӯршавии таъсири ҷараёни иртиҷоию фидеистии фундаментализм, аз солҳои 20—30 асри 20 ба сифати ра­вияи асосӣ амал кардани илоҳиёти диалектикӣ ё илоҳиёти буҳрон (К. Барт, П. Тиллих, Р. Нибур, Э, Брун­нер ва ғайра) хос аст.

Дар замони ҳозира инкишофи баъзе равияю ҷараёнҳои либералии Протестансизм, ҷустуҷӯи роҳҳои навоварии дини, мутобиқ сохтани дин ба талаботи ҷамъиятӣ мушоҳида мегардад. Ва­ле асоснок шудани илоҳиёти «фавти худо» ва тарғиби «дини бехудо»-и ба пантеизм наздик аллакай нишонаи ба шикаст дучор шудани илоҳиёт аст.

Калисоҳои протестанӣ ҳоло (ибтидои солҳои 70 асри 20) қариб 225 млн нафар аз ҷумла либералҳо қариб 74 млн, калвинистҳо қариб 50 млн, англиканҳо қариб 30 млн, методистҳо қа­риб 40 млн, баптистҳо қариб 25 млн пайравонро дар бар мегиранд. Протестансизм асо­сан дар мамлакатҳои Скандинавия, РФГ, РДГ, Швейтсария, Британияи Кабир, Австралия, Канада, Зеландияи Нав, Нидерланд, ШМА паҳн шудааст.

Ад.: Ч а н ы ш е в А. И.. Протестан­тизм, МЕЛОД, 1969;

Г а р а д ж а В. И.. Про­тестантизм, МЕЛОД,, 1971; ҳ а м о н  м у а л л., Кризис современного протестан­тизма и поиски «новой теологии», М, 1973.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …