Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСТАТИТ

ПРОСТАТИТ

zastojnyi-prostatita-v-kieve

ПРОСТАТИТ, илтиҳоби простата (ғадуди поёнтари масона ва саргаҳи пешоброҳаи мардҳо), ки аз асари микробҳо ба миён меояд. Аломатҳои  Простатити ш а д и д инҳоянд: сӯзок ва лаввос кардани пешоброҳа, зуд-зуд дарднок ва римолуд пешоб кардан, баъзе вақтҳо баланд шудани ҳарорати бадан, дард кардани чатан, ча кмезаки ва қатъи пешоб. П.-и м у з м и н аз нохушии адвол, табъи хира, сим-сим дард кардани чатан ва камару чорбанд, носозии фаъ­олияти ҷинсӣ, тез-тез пешобкунӣ иборат аст.

Муолиҷа; дар вақти Простатити шадид режими бистарӣ, дармони зидди- микробӣ, гармошифоӣ, доруҳои таскинбахш ва зиддиинқибози; дар мавриди ҳосил шудани думмад амали ҷарроҳӣ; дар вақти Простатии музмин масҳи простата ва гилшифоӣ ҳам равост.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …