Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОПП Владимир Яковлевич

ПРОПП Владимир Яковлевич

propp-v

ПРОПП Владимир Яковлевич (29. 4. 1895, Петербург—22. 8. 1970, Ле­нинград), фолклоршиноси советӣ. Университети Петербургро соли 1918 хатм намудааст. Аз соли1938 профессори Университети Ле­нинград. Асарҳои асосиаш ба таҳлили структура ва таърихи пайдоиши афсонаҳои сеҳромез, таърихи эпоси қаҳрамонӣ, навъҳои он, пайдоиши фолклори маросимӣ, масъалаҳои умумии назария ва поэтикаи эҷодиёти даҳонакии халқ оиданд. Яке аз саромадони омӯзиши таърихию типологӣ ва структурию типологии фолклор. Китобҳои Прополис ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Ос.: Морфология сказки (2 изд., МЕЛОД. 1969); Русский героический эпос, (2 изд., МЕЛОД, 1958).

Ад.: Путилов Б. Н.. Проблемы фольклора в трудах В. Я. Проппа, дар кит.: Типологические исследования по фольклору, М., 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …