Маълумоти охирин

ПРИМИТИВИЗМ

ПРИМИТИВИЗМ (аз примитив), равияест дар санъати тасвирии охири 19 ва асри 20. Намояндагони он воситаҳои соддаи тасвирро меҷустанд ва бо ин мақсад ба санъати ибтидоӣ, асримиёнагӣ (ғайриевропоӣ), халқӣ, инчунин эҷодиёти бачагон муроҷиат мекарданд. Сабаби асосии чун принсипи эҷодӣ шакл гирифтани Примитивизм аз маданияти буржуазии мавҷуда ба таври  стихиявӣ даст кашидани баъзе санъаткорон аст. Онҳо аз тасвири воқеияти реалӣ дур гашта, танҳо нахустасоси ҳама гуна зуҳуротро эътироф мекарданд. Дар натиҷа, намояндагони Примитивизм тамоми анъанаҳои  санъати тасвирии Европаро (аз асри 16 инҷониб) инкор карда, бо равияҳои навтарини постимпрессионизм  ва авангардизм пайвастанд. Примитивизм хилофи реализми таҳлилӣ ва натурализму импрессионизм аст. Примитивизм ҳамчун равияи ягона шакл нагирифт, бинобар он дар эҷодиёти санъаткорони мухталиф ҳар хел зуҳур ёфтааст. Дар Россия пайравони равияи Примитивизмро гурӯҳҳои «Голубая роза», «Бубно­вый валет» муттаҳид мекарданд. Истилоҳи «Примитивизм» инчунин барои ифодаи санъати ба ном «соддалавҳона»-и баъзе мусаввироне, ки маълумоти махсуси касбӣ надоштанд, вале ба ҷараёни умумии санъати тасвирии асриҳои 19—20 ҳамчун симоҳои намоён дохил гаштаанд, истифода ме­шавад (эҷодиёти А. Руссо дар Франсия, Н. Пиросманашвили дар Гурҷистон, Ф. Мухе дар Германия, Р. Вива дар Италия ва ғайра).

primitivism

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …