Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Газетаи «ПРОЛЕТАРИЯ»

Газетаи «ПРОЛЕТАРИЯ»

«ПРОЛЕТАРИЯ», 1) газетаи ғайрилeгалии ҳарҳафтаинаи болшеви­кӣ, органи марказии РСДРП. Газе­та мувофиқи қарори Съезди 3-юми РСДРП (1905) ташкил шудааст. Он аз 14 (27) май то 12 (25) ноябри соли 1905 дар Женева ҳамагӣ 26 шумора нашр гардид. Муҳаррири масъули газета В. И. Ленин буд. Ба ҳайати таҳририяи газета В. В. Боровский, А. В. Луначарский, М. С. Олминский Дохил буданд. Н. К. Крупская, В. М. Величкина, В. А. Карпинский, Н. Ф. Насимович,,И. А. Теодорович, Л. А. Фотиева дар ко­ри редаксия иштирок доштанд. «Пролетария» роҳи «Искра»-и лениниро давом дода, муттасилии газетаи болшевикии «Вперёд»-ро нигоҳ дошт. Дар «Пролетария» қариб 90 хабару мақолаҳои В. И. Ленин, инчунин материалҳои Съез­ди 3-юми РСДРП дарҷ ёфтаанд. Ти­ражи газета ба 10 ҳазор нусха расида буд. 2) Газетаи ғайрилегалии болшевикӣ — дар амал органи маказии болшевикон. Аз 21 август (3 сентябр) 1906 то 28 ноябр (11 декабр) 1909 ҳамагӣ 50 шумора (шумораҳои 1 то 20 дар Виборг, 21 то 40 дар Женева, 41 то 50 дар Париж) нашр гардид. Шумораҳои 1—2 «Пролетария» ҳамчун органи комитетҳои РСДРП-и Москва, Петербург ва (аз шумораҳои 3—4) округи Москва, шумораҳои 5—11 органи комитетҳои РОДРП- и Москва, Петербург, округи Москва, комитетҳои Курск, Перм ва (аз шумораҳои 12—20) Қазон ва аз шумораҳои 21—50 чун органи Комитети РСДРП-и Петербургу Москва нашр мешуд. Дар солҳои 1906—08 «Пролетария» моҳе 1—2 маротиба (шумораҳои 21—28 ҳар ҳафта), дар соли 1909 номунтазам нашр мешуд. Тиражи баъзе шумораҳои «Пролетария» ба 10 ҳазор нусха мерасид. В. И. Ленин муқаррири газета буд. Дар «Пролетария» бештар аз 125 хабару мақолаҳои В. И. Ленин, ҳисобот дар бораи фаъолияти КМ РСДРП, қарорҳои конференсия ва пленумҳои КМ, мактубҳои КМ оид ба масъалаҳои гуногуни кори партиявӣ, хабару мақолаҳои маҳаллӣ чоп шудаанд. Нашри газета мувофиқи қарори Пленуми январии КМ РСДРП 10 январи соли 1910 қатъ гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …