Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳраки ПРОЛЕТАР

Шаҳраки ПРОЛЕТАР

ПРОЛЕТАР (то 1935— стансияи Д р агомирово), посёлкаи типи шаҳрест (аз 15 май 1933), стансияи роҳи оан дар хатти Ҷиззах — Андиҷон, маркази райони Пролетари вилояти Ленинобод. Аҳолиаш 15000 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо, русҳо ва ғайра. Аз Пролетар то шаҳри Ленинобод 20 км. 3аводҳои пахта, нон, таҷҳизоти бинокорӣ, иттиҳодияи масолеҳи бинокорӣ, устохонаи электромеханикии марказӣ, хонаи хизмати маишӣ, фабрикаи парранда­парварӣ ва ғайра мавҷуданд. 4 мактаби миёна, мактаби шабонаи коргарҷавонон, омӯзишгоҳи касбҳои техни­кӣ, мактаби мусиқӣ, 8 китобхона, 4 клуб, 2 кинотеатр, 3 пункти тиббӣ, беморхона ва поликлиника, шӯъбаи алоқа дорад.

У. Назиров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …