Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ПРОЛЕТАР

Ноҳияи ПРОЛЕТАР

ПРОЛЕТАР, райони маъмуриест дар вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон 21 январи 1935 ташкил ёфтааст. Бо районҳои Нов, Хуҷанд ва аз Ҷанубу Шимол бо РСС Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 321,4 км2. Аҳолиаш 61 ҳазор нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо, русҳо, қиргизҳо ва намоямдагони миллатҳои дигар. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 190 нафао Район ба 5 Совети қишлоқ—Деҳмоӣ, Гулхона, Янгиҳаёт, Ғӯлакандоз, Ӯзбекқишлоқ тақсим шудааст. Маркази район — птш Пролетар.

Территорияи район дар қисми ғарбии водии Фарғона ва доманаҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон ҷой гириф­та аст. Релефи қисми шимолӣ замвор (баландиаш 300—400 м аз сатҳи баҳр), қисми ҷанубӣ ноҳамвор буда, аз теппаю адирҳо иборат аст (баландиаш аз сатҳи баҳр то 1200 м). Аз сарватҳои зеризаминӣ гил, peг, реги квартс ва дигао ашёи хоми бинокорӣ мавҷуданд. Иқлими район — континентӣ; тобистон хеле гарм, зимистон нисбатан мулоим. Зуд-зуд шамоли сахт мевазад. Ҳаpopати миёнан январ 0—2°С,июл 28—30°С. Боришоти со­лона 200—300 мм. Дарёи Исфана (Қаро), ки районҳои Нов ва Пролетарро аз ҳам ҷудо мекунад, аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон cap шуда, ба обанбори Фарҳод мерезад. Хоки заминҳо дар Шимол— хокистарранги равшан, баъзаи шӯрхок, дар Ҷануб— хокистарранги муқаррарӣ ва хокистарранги тира. Набототаш биёбонию нимбиёбонӣ. Дар адирҳои қисми ҷанубии район аз ҳайвоноти дарранда гург, шағол, аз хояндаҳо ҷайра, муш, калламуш, юрмон, аз хазандаҳо мору калтакалос ва аз паррандаҳои шикорбоб кабк, бедонп вомехӯранд.

Дар иқтисодиёти район хоҷагии қишлоқ мавқеи асосӣ дорад. Хусусан пахтакорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ, сабзавоткорӣ ва боғу токдорӣ ривоҷ ёфтааст. Аз зироати ғалладо­на шолӣ, гандум, ҷав, ҷуворимакка мекоранд. Соли 1984 Пролетар 5 колхози пахтакор, 1 совхозт чорводор ва 1 совхози сабзавоткор дошт. Колхзҳо: ба номи В. И. Ленин (марказаш Ғӯлакандоз), «Съезди 22-юм» партияи (Зарафшон), «.Москва» (Янгиқншлоқ), «Ленинград» (Узбекқишлоқ), «Коммунизм («Гулхога); совхозҳо: Деҳмоӣ ва Рухак (маркази ҳар ду Деҳмоӣ). Майдони умумии кишт 73381 га. аз ҷумла заминҳои обӣ 21278 га (1964). Мандонӣ пахтазор 13570 га, заминҳои ғалла дона (гандум, ҷав, ҷуворимакка ва ғайра) 4121 га, шолӣ 648 га, сабзавот 335 га, боғу токзор 698 га, зироати хӯроки чорво 2928 га, за­минҳои полизӣ 196 га, тутзор 121 га, чарогоҳҳо 36777 га. Заминҳо аз дарёҳои Исфана ва Сир, системаи оберии Хоҷабоқирғону каналҳон Оққалъа, Селкан ва пармачоҳҳо обёрӣ меша­нанд. Чорводорӣ барои гӯшту шир, пашм ва пӯстӣ қаракӯлӣ махсус гардонда шудааст. Саршумори чор­во дар хоҷагиҳои ҷамъиятии район (1984, ба ҳисоби сар): гов 7767 (аз он чумла модагов 2616), бузу гӯсфанд 22790, хук 6170, парранда 944200, асп 164. Район соли 1983 ба давлат 43670 т пахта, 1568 т ғалла, 5030 т сабзавот, 640 т меваи тар, 1817 т гӯшт, 6930 т шир, 47,1 т пашм, 201,3 т пилла, 6400 дона пӯсти қарокӯлӣ, 723 млн дона тухм фурӯхт. Корхонаҳои саноатии район: комбинати дӯзандагӣ, иттиҳодияи масолеҳи бинокорӣ, комбинати тоза кардани peгҳои квартсӣ, устохонаи электромеханикаи маркази, заводҳои хишт, пахта, поя, фабрикаи паррандапарварӣ. ГЭС-и Қайроқум районро бо қувваи электр таъмин мекунад.

Соли хониши 1983 84 район 26 мактаби миёна, 3 мактаби 8-сола, 6 мактаби ибтидоӣ, 1 мактаби шабонаи коргарҷавонон, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, мактаби мусиқӣ, мактаби спортӣ дошт, ки дар онҳо 18050 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар Пролетар инчунин 23 клуб, 54 китобхона, 16 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 4 хонаи маданият, хонаи пионерон, 7 чойхона мавҷуданд. Дар 3 касалхона, 2 поликлиника, 3 пункти тиббӣ, 6 дорухона, 2 таваллудхона, 19 пункти фелдшерию акушерӣ, ст. сапитарию эпидемиологӣ ва 1 санатория 110 нафар духтури маълумоти олидор, 350 нафар коркуни дорои маъ­лумоти махсуси тиббӣ кор мекунанд. Район 87 магазин, 63 муассисаи хӯроки умумӣ ва 89 муассисаи хизмати маишӣ низ дорад (1984).

Район бо шаҳри Ленинобод ва дигар шаҳру деҳоти вилоят тавассути роҳҳои автомобилгард алоқа дорад. Аз территорияи он хатти роҳи оҳан Ҷиззах — Андиҷон (стансияи Пролетар) мегузарад. Га­зетаи район  «Пролетар тонги» (аз солт 1935 нашр мешавад).

Ҳ. Очилов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …