Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОКУРОР

ПРОКУРОР

prokuror

ПРОКУРОР (франсавӣ рrocureur; лотинӣ рrocurare — назорат кардан, ғамхорӣ кардан), 1) шахси мансабдор, ки аниқ ба иҷро расонидани қонунро назорат мекунад; 2) айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи суд оид ба кори ҷиноятӣ. Прокурор ба қонунӣ будани кор, иҷрои қонунҳо дар вақти таққиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, дар суд дидани кор ва ба иҷрои ҳукм назорат мекунад. Прокурор вазифадор аст, ки ба ҳар як ҳукми ғайриқонунӣ ва ё беасос эътироз кунад, дар бораи қонунӣ ва асоснок будан ё набудани ҳукм фикрашро гӯяд (моддаи 42 КМҶ PСC Тоҷикистон).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …