Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОКТОЛОГИЯ

ПРОКТОЛОГИЯ

proktology

ПРОКТОЛОГИЯ (аз юнонӣ proktos— сурохии ақиб ва …логия), қисмати тибби клиникиест, ки бемориҳои рӯдаи ғафс (аз ҷумла рӯдаи рост) — носур, иллати сурохии ақиб, баво­сир, проктит, колити ҷароҳатӣ, грануламатозӣ ва катаралим рӯдаи ғафс, қабзият ва ғайраро меомӯзад. Бемориҳои проктологиро ҷарроҳон, терапевтҳо (гастроэнтерологҳо) ва инфексионистҳо табобат мекунанд. Оид ба бемориҳои проктологӣ дар асарҳои бисёр духтурони қадим ва асоҳои миёна, ба монанди Буқрот, Селс, Ибни-Спно ва дигарон маълумотҳои зиёде гирд оварда шудааст. Нахустии китобҳои махсуси соҳаи Проктология дар нимаи дуюми асри 19 нашр шуданд. Аввалин муассисаи тиббии махсус барои муолиҷаи бемориҳои проктологӣ соли 1835 дар Лондон (гос­питали ҳазрати Марк) сохта шуд. Дар Россия бемориҳои проктологиро дар шӯъбаҳои боморхонаҳои калон ва клиникаҳои ҷарроҳии умумӣ муолиҷа мекарданд. Дар инкишофи Проктологияи ватанӣ корҳои олимони рус С. П. Федоров, В. Р. Брайсев ва дигарон роли калон бозиданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ мактабҳои калони илмӣ — марказҳои асосии тайёр кардани Проктологияҳо ташкил карда шуд. Дар назди баъзе институтҳои такмили ихтисоси духтурон низ курсҳои Проктология мавҷуданд. Дар СССР лабораторияи тадқиқоти илмии проктологии Москва ва клиникаи Вазорати нигаҳдории тандурустии РСФСР (аз соли 1965) муассисаҳои асосӣ ва муолиҷавии проблемаҳои Проктология ба шумор мераванд. Материалҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои Проктология дар журналҳои «Хирургия» (аз соли 1925), «Вестник хирургии им. И. И. Гре­кова» (аз соли 1885) ва ғайра нашр мешаванд. Проктологҳои мамлакатҳоп гуногунро Академияи байналхалқии Проктология (аз соли 1949 соле як маротиба конг­ресс мегузаронад) ва Ҷамъияти байналхалқии омӯзиши бемориҳои рӯдаи гафс ва рост (аз соли 1964 дар 2 сол як маротиба конгресс мегузаронад) муттаҳид мекунад.

Ад.: Аминев А. М. Руководство по проктологии, т. 1—3, Куйбышев, 1965—73.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …