Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПРОКТИТ

ПРОКТИТ

proktit

ПРОКТИТ, сарам, илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи рост. Бештар якҷоя бо илтиҳоби рӯдаҳои болотаристода (проктосигмоидитҳо, колитҳо, энтероколитҳо ва ғайраҳл) вомехӯрад. Сабабҳои Прокрит гуногунанд: сирояти шадид ва музмин, заҳролудшавӣ аз хӯрок ва дисбактериозҳо, ихтилоли рагӣ, мубодилавӣ ё иммунолог ва ғайрп. Носури рӯдаи рост, бавосир ва ғайра боиси пайдоиши Прокрити дуюмин мегарданд. Прокрит назлаӣ, хунрез, римовар, решовар, мавтовар ва омехта мешавад, ки ба таври шадид, миёна ё музмин ҷараён мегирад. Ҳиссиёти нофорам дар мақъад, зиёдшавии наҷосат, омадани луоб ва баъзан хун аломатҳои муқаррарии Прокрит мебошанд. Бо мақсади ташхиси Прокрит аз ректороманоскопия, рентгеноскопия, тадқиқи микробиологии пасафканд ва ғайра истифода мебаранд. Муолиҷаи Прокрит ба шакл ва сабаби беморӣ вобаста аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …