Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПРОКОПЕВСК

Шаҳри ПРОКОПЕВСК

prokopevsk-city

ПРОКОПЕВСК, шаҳрест дар вилояти Кемеровоя РСФСР, дар соҳили дарёи Аба (шохоби Том). Стансияи роҳи оҳан 269 км ҷанубу шарқтари Кемерово. Аҳолиаш 266 ҳазор нафар (1979). Прокопевск яке аз марказҳои асосии истеҳсоли ангишти коксшавандаи Кузбасс ва маркази калонтарини мошинсозӣ аст. 3аводҳои муҳимтаригаш:   «Электромашина», автоматикаи шахта, подшипниксозӣ, механикӣ, мошинҳои саноати хӯрокворӣ, заводи таъмири трамваю троллейбусҳо. Инчунин корхонаҳот са­ноати сабук (заводҳои чиниворӣ, маснуоти резини техникӣ ва фабрикаи дӯзандагӣ), хӯрокворӣ (комбигати гӯшт, заводҳои шир, пиво, фабрикаҳои қаннодӣ за тамоку) ва саноати масолеҳи бинокори дорад. Дар Прокопевск чанд институти тадқиқоти илмии саноати ангишт, факултети шабонаи Институти металлургии Си­бир, 3 техникум, 2 омӯзишгоҳ, театри драма ва музейи кишваршиносӣ мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …