Главная / Гуногун / ПРОХОРОВ Александр Михайло­вич

ПРОХОРОВ Александр Михайло­вич

prokhorov-a-m

ПРОХОРОВ Александр Михайло­вич (таваллудаш 11. 7. 1916, Атертон, Авст­ралия), физики советӣ, яке аз асосгузорони  электроникпи ктвантӣ,  акад. (1966; аъзо- корр. 1960), аъзои Президиум (1970) ва акад-котиби Шӯъбаи физикаи умумӣ ва астрономияи АФ СССР (1973) Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1950. Аз оилаи коргар — револю­тсионери рус, ки барои фаъолияти револютсиониаш ба Сибир бадарға шуда, баъд ба Австралия ҳиҷрат карда буд, таваллуд ёфтааст. Университети давлатии Ленинградро хатм намудааст (1939), Солҳои1939— 1941ва 1944—1946 аспиранти Институти физикаи АФ СССР, 1941—1944 дар сафи Армияи Советӣ буд. Аз соли 1946 ходими Институти физикаи АФ СССР (аз       1954 мудири лаборато­рия аз 1968 ҷонишини директор). Профессори Университети давлатии Москва (аз 1959), мудири кафедраи Институти физика ва техникаи Москва (аз соли 1971). Сармуҳаррири Энсиклопедияи Калони Советӣ (БОЭ, аз 1969). Якҷоя бо Н. Г. Басов усули принсипан нави бо ёрии системаҳои квантӣ генериронидани мавҷҳои электромагнитиро кор карда баромад ва аввалин генератори молекулавии бо дастаи молекулаҳои амиак коркунандаро бунёд кард (1954—1955). Якҷоя бо ҳамкоронаш усулҳои умдан лазерҳои парамагнитиро инкишоф дод (1957—1958), татбиқи ёқутро дар электроникаи квантӣ пеш гузошт (1958), ғояи бунёди резонаторҳои кушод (1058) ва лазерҳои газоди­намикиро (1967) пешниҳод кард. Асарҳои ӯ доир ба сохтани лазерҳои пуриқтидори афканишоти инфрасурх ва сафед, оптикаи ғайрнхаттӣ, таъсири мутақобили резонансӣ ва ғайрирезонансии афканишоти пуриқтидори лазер бо модда оиданд. Прохоров лауреати Мукофоти ленинӣ (1959) Мукофоти нобелӣ-(1964) ме­бошад. Аъзои Академияи илму санъати Америка (1971) аст. Бо 2 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …