Маълумоти охирин

ПРОГУЛ

progul

ПРОГУЛ, тағайюб, бе сабабҳои узрнок ба кор наомадан. Дар ҳолати мастӣ ба кор омадан низ Прогул ҳисоб мешавад. Прогул назми мӯътадили истеҳсолотро вайрон карда, ба ҷараёни он халал мерасонад ва дар баъзе участкаҳои истеҳсолӣ корро бозмедорад. Умуман дар натиҷаи Прогул соатҳои бисёри кори бефоида аз даст рафта, дар натиҷа ба хоҷагии халқ зарари калон мерасад. Прогули дағалона вайрон кардани интизоми меҳнат аст. Қоидаи тартиботи дохилии меҳнат ба коргаре, ки Прогул мекунад, яке аз чораҳои зерро пешбинб мекунад: танбеҳ (огоҳӣ), виго­вор, виговори қатъӣ, ба кори каммузд ё ба вазифаи пасттар ба мӯҳлати то 3 моҳ гузаронидан, маҳрум намудан аз гирифтани ҳаққи иловагӣ барои хизмати дарозмуддат (дар хоҷагиҳое, ки чунин тартибот ҷонист), аз кор холӣ кардан ва ғайра.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …