Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОГРЕСС

ПРОГРЕСС

ПРОГРЕСС (лотинӣ progressus — ҳаракат ба пеш, муваффақият), муқо­били регресс. Тамоюли инкишоф, ки хосияти аз оддӣ ба мураккаб, аз комил ба акмал гузаштанро дорад. Ҳанӯз аз давраҳои қадим дар бораи тағйироти муттасили самтнок тасаввурот пайдо шуда буд. Аммо чунин тасаввурот бештар хусусияти баҳодиҳӣ дошта нисбат ба таърихи ҷамъият татбиқ мешуд. Қисми зиёди муаллифони атиқа таърихро вуқӯи ҳодисаҳое медонистанд, ки дар ниҳоди онҳо тағйире дида намешавад. Аз ин рӯ, таърих гоҳо чун просесси регрессивӣ (Гесиод, Сенека) ва гоҳо чун ҳодисаҳои такроршаванда (Афлотун, Арасту, Полибий) тасвир мегардад. Ғояи Прогресси таърихӣ дар асоси инкори эсхатологияи масеҳӣ ба вуҷуд омадааст.

progress

Фалсафаи иҷтимоии буржуазӣ дар заминаи рӯҳияи оптимистӣ «тантанаи хирад»-ро ба оянда нисбат медод. Назарияи маорифпарварии Прогресс ба нест намудани муносибатҳои феодалӣ асос гузошт ва дар ҳамин замина системаҳои мухталифи сотсиализми хаёлӣ ба вуҷуд омаданд. Аммо назарияи ратсноналистии Прогресс ба принсипи таърихият бегона буд. Он пешравии инкишофи таърихиро дар бар гирифта, хусусияти тазодӣ ва гуногуншаклӣ, зарурати давраҳои гузаштаро инкор мекард. Ратсионалистон Прогресси ҷамъиятро ба Прогресси тафаккури инсон вобаста медонистанд. Аввалин бор Ҷ. Вико ва махсусан Ж. Ж. Руссо хусусияти тазодии инкишофи таърихиро ба миён гузоштаанд. Г. Гегел мафҳуми Прогрессро нисбат ба пешгузаштагонаш дурусттар маънидод намуд. Мувофиқи ақидаи ӯ таърих тағйироти оддӣ набуда, он Прогресси дарки озодист, дар он гузашта заминаи ногузир барои ба вуҷуд омадани ҳозира мебошад. Вале Г.

Гогол Прогресси таърихиро инкишофи идеяи мутлақ медонист ва аз ин сабаб ӯ қонунияти аз як форматсияи ҷамъиятӣ ба дигар форматмия гузаштанро дуруст шарҳ дода натавонист.

Гогол таъсиси монархияи пруссиро нуқтаи охириги Просесси ҷамъият медонад.

Марксизм-ленинизм дар заминаи фаҳмиши материалистии таърих ба масъалаи Прогресс муносибати материалистию диалектикӣ намуда, меъёри объективии онро муайян намудааст. Меъёри объективии Прогресси ҷамъиятро асоси моддии ҷамъият ташкил медеҳад. Муносибатҳои истеҳсолӣ бошанд, мунфасилии просессе таърихӣ ва шаклҳои алоҳидаи конкретии онро ифода мекунанд. Инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда бар хилофи муносибтҳои истеҳсолӣ каму беш хусусияти мутассилӣ доранд. Бинобар ин В. И. Ленин манфиати инкишофи қувваҳот истеҳсолкунандаро «… меъёри олии прогресси ҷамъиятӣ» медонад (Ас. ҷ. 13, саҳ. 249). Такомули омилҳо ва ташкили меҳнат ҳосилнокии онро ба­ланд бардошта, боиси инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, қувваи корӣ, малакаҳои нави истеҳсолию илмӣ ва дигаршавии тақсимоти мавҷудаи ҷамъиятии меҳнат мегардад. Баробари Прогресси техника илм ҳам инкишоф меёбад. Ниҳоят, афзоиши ҳосилнокии меҳнат боиси зиёдшавии миқдори маҳсулоти изофа мешавад. Дар ҳамин замина василаҳои зарурии истеъмолии инсон, шаронти зиндагонӣ ва ҳаёти маишии ӯ тағйир меёбад. Дараҷаи баланди тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, шакли мураккабтари муносибатҳои истеҳсолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ба миён меорад. Дараҷаи дарки қувваҳои стихиявии табиат, ки он дар инкишофи ҳосилнокии меҳнат ва дараҷаи озодии ҷамъият аз зери юғи қувваҳои стихия­вии он, нобаробарии иҷтимоию сиёсӣ ва қафомонти маънавии одамои зоҳир мегардад, меъёри умумии Прогресси таърихӣ ба шумор мераванд. Ба ин маънӣ меъёри форматсияҳои ҷамъияти ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистӣ давраҳои қонунии инкишофи пай дар пайи инсоният мебошад. Аммо шакл ва суръати инкишофи онҳо пурихтилоф буда, аз якдигар фарқ мекунанд. Барои ҷамъияти ҷамоати ибтидоӣ ва ғуломдорӣ суръати сусти инкишоф хос аст. Дар замони капитализм дар баробари суръати баланди инкишофи истеҳсолот, қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ антагонизми синфӣ авҷ мегирад. Моликияти хусусӣ боиси нобароба­рии дараҷаи инкишофи сарватҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, аз ҳисоби истисмори бераҳмонаи халҳҳои мустамлика бой шудани мамлакатҳои капиталистӣ, пурзӯр шудани бегонашавии меҳнат ва ғайра мегардад. Ҳоло дар миқёси ҷаҳонӣ аз капи­тализм ба сотсиализм гузаштан шоҳроҳи Прогресси ҷамъиятӣ мебошад. Коммунизм дараҷаи баланди инкишофи ҷамъият, (фаровонии неъматҳои моддию маънавиро таъмин намуда, дар ин асос тафовути байни шаҳру деҳот, меҳнати фикрию ҷисмонӣ ва антаго­низми синфиро барҳам медиҳад. Фақат коммунизм Прогресс ҳақиқии таърихиро таъмин карда метавонад. Мафҳуми Прогресс ба илмҳои табиатшиносӣ ҳам хос аст. Прогресс дар ин ҷо ҳам мисли ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти нисбӣ дорад. Мафҳуми Прогресс ба Коиноти том татбиқ намешавад, зеро дар он ҷараёни муайяну якҷонибаи инкишоф дида намешавад. Бисёр просессҳои олами ғайриорганикӣ низ ба ин қо­нуният тобеъ нестанд.

Ад.: Давиташвили Л. Ш., Очер­ки по истории учения об эволюционном прогрессе. М., 1956; Проблемы развитая в природе и обществе. Об. ст.. М.—Л., 1958; Семенов Ю. Н., Общественный прогресс и социальная философия со­временной буржуазии, М., 1965; Джу­ну с о в М., Общественный прогресс и национальные отношения, Алма-Ата, 1976.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …