Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОГРАММАСОЗӢ

ПРОГРАММАСОЗӢ

ПРОГРАММАСОЗӢ, просесси пайдарпайю муназзам тартиб додани амалҳо (программаҳо) барои компютерҳо; соҳаи илмист, ки програм­маи ҳисобмошинҳо ва тарзу усу­ли тартиб додан, санҷидан ва мукаммал кардани онҳоро меомӯзад.

Ҳар як ҳисобмошин автомати хотирадореро мемонад, хотираи он аз олати ҳифзӣ, олати идоракунӣ ва олати арифметикӣ ташкил ёфтааст ва дар он баъзе амалҳо иҷро хоҳанд шуд. Хотира аз ячейкаҳои пай дар пайи рақамдор иборат мебошад, ки дар ҳар кадоми он ғояи ахбори дуӣ дар шакли силсилаи сифру воҳид маҳфуз аст. Кори автоматии компютер, ки аз рӯи программа идора карда мешавад, аз тактҳои пай дар пай иборат аст. Ин воя чун амр тафсир мешавад, яъне дастури олати арифметикӣ барои иҷрои ягон амал ме­бошад. Одатан дар ҳисобмошинҳо оператсияҳо чунин сурат мегиранд, ки ахбороти мафҳум аз ячейкаҳои хотира ба олати ариметикӣ дода мешавад, то ки он амали лозимаро иҷро карда, натиҷаро ба ячейкаи хотираи матлуб бифиристад ва рақами ячейкаи амри сониро ба олати идоракунӣ хабар диҳад. Баъзе амалҳое, ки ҳисобмошин иҷро мекунад, бағоят соддаанд, яъ­не аз амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ, қиёсӣ рӯнавис кардани вояи ахборот ва ғайра иборатанд. Воқеан, ба­рои ҳисобмошинҳо амрҳои мошинӣ (программа) тавре тартиб дода мешаванд, ки онҳо аз хотираи мошин ба навбат баромада, дар ҳалли масъала иштирок мекунанд ва ниҳоят натиҷаи матлуб медиданд.

Роли Программасозӣ ҳанӯз дар мактаб ҳангоми ба тариқи маҷмӯи саволҳо тар­тиб додани «плани ҳалли» масъалаи арифметикӣ ба вуқӯъ меояд. Фарқияти куллии Програмасозии ҳақиқӣ аз Программасозӣ таҷрибаи мактабӣ дар он аст, ки программа одатан на як, балки якчанд пайдарпайии амалҳо (шохаҳо)- ро пеш мегузорад ва интихоби он аз қимати натиҷаҳои мобайнии ҳалли масъалаҳо вобаста аст; зимни он миқдори такроркуниҳои даркориро автоматӣ муайян намуда, баъзе гурӯҳи амалҳоро чанд карата иҷро мекунад ё худ метавонад аз рӯи амри воқеӣ ба рафти ҷараёни кор тағйирот дарорад.

barnoma-programm

Хусусияти дигари Программасозӣ душвории тартиб додани он аст. Чунончи, ҳаҷми аксарияти программаҳои ре­алӣ аз ҳазорҳо амр иборат бошад, миқдори амалҳои иҷрошаванда даҳҳо миллионҳоро ташкил медиҳад. Чунин ҳаҷми кор дар баробари содда будани характери амрҳои мошини Программасозиро басо мураккаб ва просесси иҷрот онро басо якранг мегардонад.

Бо мақсади бартараф кардани чунин тазод просесси Программаро зина ба зина тартиб додаанд, ки ҳар як зинаи он аз аниқ намудани ҷузъиёти плани ҳалли масъала иборат аст. Ба ғайр аз ин, агар қоидаи шарҳт планӣ ҳалли масъала дар ягон зина саҳеҳ, формалӣ ва универсалӣ бошад, он гоҳ дар бораи мавҷудияти ягон забони Программасозӣ, ки ҳангоми тартиб додани программа ис­тифода хозад шуд, сухан рондан мумкин мегардад.

Забонҳои Программасозӣ чун ҷадидтарин тар­зи баёни саҳеҳи масъала барои ҳисобмошинҳо дар инкишофи Программасозӣ роли бағоят муҳим бозиданд. Аз ҷумла, онҳо имконият медиданд, ки Программасозӣ дар зисобмошинҳо чун просесси гузаронидан аз «як забон» ба забони дигар — «забони мошин» тафсил шавад. Агар қоидаҳои ин гуна саҳеҳ гузаронидан дарёфта ва тафсир кар­да шавад, пас қоидаҳои мазкурро дар компютерҳо программонидан мумкин аст.

Просесси Программасозӣ одатан аз зинаҳои зерин иборат аст;

Гузориши масъала

Баёни алгоритми масъала

Солҳои охир як қатор забонҳои Программасозӣ ба вуҷуд омаданд, ки тавассути он­ҳо масъалаҳои гуногунро программонидан мумкин аст, Масалан, барои ҳалли масъалаҳои илмиву инженерӣ забони ба ном фортран, барои ҳисобу китоби масъалаҳои иқтисодиёт кобол, барои сохтани моделҳои математикӣ симула ва забонҳои универсалии ҳисобмошинҳо алгол —68 (ниг. Алгол), ПЛ/1 ва ғақра ба миён омаданд. Трансляторҳои компютерҳои дар кадо­ми ин забонҳо вобаста ба навъи масъала программаи ҳалли масъларо автомати аз нав тартиб медиҳанд. Ба сифати забонт Программасозӣ дара­ҷаи баланд бештар б л о к — схемаҳоро истифода мебаранд. Баъди тартиб додани программа марҳилаи муҳим «санҷидани» хатоҳо мебошад, ки онҳоро мотавон ошкор ва ислоҳ намуд. Программаҳо вобаста ба навъи ҳисобмошин бо перфоқарта ё навори магнитӣ кодонида шу­да, баъд бо ёрии таҷҳизоти махсус ба ҳисобмошин дохоил карда мешаванд. Программасозӣ ҳамчун фан аз соли 1947 дар асоси тадқиқоти математиконни америкоӣ Ҷ. Неймап, А. Беркс; Г. Голдстайн инкишоф ёфт. Дар инкишофи он математикони советӣ А. А. Ляпунов, С. С. Камынин, Э. 3.

Лю­бимский. М. Р. Шура-Бура, А. П. Ер­шов ва дигарон низ саҳми калон гузоштаанд.

Ад.: К н у т Д., Искусство програм­мирования для ЭВМ, М., 1077;

Воро­шу к А. Н., Основы ЦВМ и программирование, М., 1078: Б ё м Г., Борн В., Программирование управляющих вычислительных систем, М., 1078. Л. Тӯйчиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …