Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОГРАММАИ ТАЪЛИМ

ПРОГРАММАИ ТАЪЛИМ

ПРОГРАММАИ ТАЪЛИМ (аз юнонӣ programma — эълон, фермон, супориш), ҳуҷҷати кори таълимӣ буда, мазмун ва доираи дониш, маҳорату малакаҳо, ки аз фанҳои омӯхташаванда ба даст меоянд, фаслҳо ва тақсимоти онҳоро ба соли хониш муқаррар мекунад. Программаи таълим мактуби эзодӣ дорад, ки дар он мақсади омӯзиши фан, сохти программа, мураттабии мавзӯъҳо, усул ва шаклҳои ташкили омӯзиш, алоқа бо дигар фанҳо ва бо корҳои синфию берун аз синфӣ ифода меёбад.

programmai-talim

Дар СССР барои дар навъи муассисаҳои таълимӣ Программаи таълими ягона тартиб медиҳанд ва чунин ҷиҳатҳо ба назар гирифта мешаванд: мувофиқати мазмуни Программаи таълим ба мақсади тарбияи коммунистии насли наврас, илмро фаро гирифтан; мувофиқати мавзӯъҳои таълими ба савия  ва син­ну соли хонандагон, робитаи ҳамдигарии фанҳои таълимӣ ва ғайра. Маълумотеро, ки Программаи таълимӣ пешбинӣ кардааст, китобҳои дарсию васоити таълим дарбар мегиранд. Программаи таълимиро Вазорати маорифи халқи республика тасдиқ мекунад.

Э. Сафаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …