Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОГРАММАИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТОИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

ПРОГРАММАИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТОИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

ПРОГРАММАИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТОИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ, ҳуҷҷати асосии назариявии партия, ки мақсад ва вазифаҳои муҳимтарини онро дар давраи муайяни таъ­рихӣ дар бар мегарад. Программа барои ҳамаи коммунистон ва ташкилотҳои партиявӣ хатмӣ буда, саъю кӯшиши онҳоро дар роҳи сохтмони ҷамъияти коммунистӣ ифода мснамояд; Программа дар Съезди Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ қабул меша­вад.

Нахустин ҳуҷҷати программавии ҳаракати байналхалқии коммунистӣ «Манифести Партияи Коммунистӣ» буд, ки онро К. Маркс ва Ф. Эн­гелс соли 1848 таълиф намудаанд.

flag-sssr

КПСС дар таърихи худ се про­грамма қабул кардааст: якумашро барои давраи мубориза дар роҳи ғалабаи револютсияҳои буржуазӣ-демодратӣ ва сотсиалистӣ; дуюмашро барои давраи сохтмони сотсиализм; аз соли 1961 сеюмаш қабул шуд, ки сохтмо­ни коммунизмро ба назар мегарад. Ҳамаи Программа ба ҳаракати байналхалқии коммунистӣ таъсири калон мерасонанд, дар кор карда баромада­ни программаҳои бисёр партияҳои коммунистии ҷаҳон намунаи ибратанд.

Программаи якуми пар­тия. П. якуми РСДРП-ро редаксияи газетаи «Искра» тадҳти роҳбарии В. И. Ленин кор карда баромад ва онро съез­ди 2-юми РСДРП соли 1903 қабул намуд. Дар Программа моҳияти капитализм ва зиддиятҳои он аз ҷиҳати марксистӣ таҳлил карда шуда буд. Программа аз ду қисм — максимум ва минимум иборат буд. Программен максимум вазифаи асосии партияро аз сарнагун кардани капитализм ва барқарор намудани диктатураи пролетариат дар роҳи сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ иборат медонист. Програм­маи минимум вазифаҳои наздиктарини партияро аз сарнагун кардани мутлақияти подшоҳӣ ва бо респуб­ликаи демократӣ иваз кардани он ҷорӣ намудани рӯзи кории 8-соата, баробарҳуқуқии комили ҳамаи миллатҳо ва ҳуқуқи худмуайянкунии он ҷо, барҳам додани боқимондаҳои сохти крепостноӣ дар деҳот ва ғайра иборат медонист.

Партия Программаи якумро иҷро карда, масъалаҳои муракаботарини ташкил ва мустаҳкам намудани сафҳои худро ҳал кард. Партия ба Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр роҳбарӣ кард, ки дар на­тиҷаи ин револютсия аввалин дар ҷаҳон давлати диктатураи пролета­риат барпо гардид. Партия ва пешвои он В. И. Ленин дар рафти мубориза барои иҷрои Пограммаи якум таълимоти оид ба револютсияи сотсиалистиро инкишоф доданд, назарияи масъала­ҳои аграрӣ ва миллӣ, назарияи оид ба асосҳои сохти давлатии республикаи коргару деҳқонро аз ҷиҳати илмӣ кор карда баромаданд ва бо ҳамин ба инкишофи назарияи марк­сизм ҳиссаи наве гузоштанд.

Программаи д у ю м и пар­тия. Съезди 8-уми РКП (б) (1919) Программаи нав, программам дуюми партия­ро қабул кард, ки он таҳти роҳбарии В. И. Ленин тартиб дода шуда буд. Ин Программа марҳилаи гузаштаи ҳаракати умумиҷаҳонии озодихоҳии пролетариатро ҷамъбаст намуд. Дар натиҷаи дар мамлакати мо барпо шудани диктатураи пролетариат — вазифаи асосии пешвниҳодкардаи Программаи якум ҳал шуд. Дар назди партия акнун вазифаи дигар, яъне мустаҳкам кардани давлати диктатураи синфи коргар, бунёд кардани ҷамъияти сотсиалистӣ меистоданд. Дар Программаи нав капитализми томонополистӣ ва дараҷаи олии капитализм — импе­риализм ба таври марксистӣ-ленинӣ таҳтил карда шуда, ногузир ва қонунӣ будани Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия асоснок карда шуда буд. Программа вазифаҳои партияро барои тамоми давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм муайян мекард.

Дар соҳам иқтисодӣ Программа ҳарҷониба тараққӣ додани қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро кори асосӣ ва ҳалкунандае мешуморид, кп он тамоми сиёсати хоҷагии Ҳокимияти Советиро муайян мекард. Талабҳое пешниҳод карда мешуданд, ки экспроприатсияи буржуазияро ба охир расонида воситаҳои истеҳсолот ва муомилотро ба моликияти умумихалқӣ табдил дода, тамоми амалиёти хоҷагии мамлакат дар асоси пла-ни ягонаи умумидавлатӣ ба роҳ монда шавад.

Программа дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ташкил намуда­ни зироати мутараққии сотсиалистӣ, ташкили совхозҳо, ташкил ва дастгирӣ кардани ҷамъиятҳо ва ширкатҳои якҷоя кор кардани замин, ёрии давлат ба деҳқонон дар роҳи баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ташкили пунктҳои прокатӣ, стансияҳои таҷрибавӣ, интишори донишҳои агротехникиро пешбинӣ мекард. Дар соҳаи муҳофизати меҳнат ва таъминоти сотсиалӣ, дар бобати хонаву ҷой, нигаҳдории тандурустии халқ, маорифи халқ, тадбирҳои конкретӣ пешбинӣ карда шуда буданд.

Дар натиҷаи иҷрои Программаи 2-ю м Иттифоқи Советӣ хеле тараққӣ кар­да ва ба давлати пуриқтидори индустриалию колхозии сотсиалистӣ табдил ёфт. Ин Программа дар таърихи ҷаҳонӣ аввалин Программаи сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ буд.

Программеи сеюми пар­тия. Сотсиализм дар Иттифоқи Со­ветӣ пурра ва комилан ғалаба кард. Дар ин шароит зарур гардид, ки Партияи нав, Программаи сеюми партия тартиб дода шавад. Лоиҳаи онро КМ КПСС аз рӯи қарори Съезди 20-уми партия (1956) тартиб дод. Программаи навро баъди муҳокимаи умумипартиявӣ ва умумихалқӣ Съезди 22-юми КПСС (31 октябри 1961) қабул кард. Ҳаёт комилан дуруст будани мазмуни асосии он­ро тасдиқ намуд ва дар ин хусус дастовардҳои бузурги Мамлакати Советӣ дар ҳамаи соҳаҳои сохтмони коммунистӣ далолат менамоянд. Ҷамъият дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, демократияи со­тсиалисти, илм, маданият, дар ташаккули одами нав ба комёбиҳои калон ноил гардид. Мамлакат ба давраи сотсиализми баркамол ворид шуд. СССР ва дигар давлатҳои со­тсиалистӣ дар инкишофи ҷамъияти нав тачрибаи ғанӣ ва фаровон андӯхтанд. Айёми гузашта собит на­муд, ки дастурҳои асосии назарию сиёсии Программаи сеюм комилан дурустанд. Вале ҳаёт таҳрири онро тақозо намуд. Съезди 26-ум и партия (феврали 1981) ҳалли ин масъаларо ба миён гузошт. Ин кори масъуд ва муҳимро съезди 27-ум (феврали 1986) анҷом дод. Ба таҳрири нави Программа, чун ба тамоми фаъолият ва сиёсати партияи ленинӣ идомат ва навоварӣ хосанд. Ин ҳуҷҷати асосии назарӣ ва сиёсии КПСС таҷассуми басе ғании ғояҳои марксистӣ-лени­нӣ, ҷамъбасти хулосаи илмии таҷ­рибаи таърихии ҳамаи наслҳои ком­мунистон, одамони советӣ мебошад. Таҳрири нави Программа ба зами­наи мустаҳками марксизм-ленинизм, ба ҳаққонияти таҳлили вазъияти дохилӣ ва байналхалқии мамлакат такя менамояд. Собитқадамӣ ва идомат дар соҳаи назария тақозо монамоянд, ки таҷрибаи таърихӣ эҷодкорона омӯхта шавад. Дар тӯли 25 соли баъди қабул шудани Программа дар мамлакат ва берун аз ҳудуди он тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Партия Программаро ғанӣ гардонда, дар айни замон нуқтаҳоеро, ки аз имтиҳони замон гузашта натавонистанд аз назари танқидӣ дарку мулоҳиза намуд. Про­грамма ҷараёни таърихӣ, дирӯз ва имрӯзи мамлакат ва ҷаҳон, вазифаҳои сиёсиро равшан ифода менамо­яд, аз тафсилоти зиёдатӣ, хаёлоти беасос орист. Партия марҳалаи кунунии инкишофи ҷамъияти моро ибтидои гардиши бузург дар ҳалли вазифаҳои такомулоти сотсиализмӣ баркамол медонад. Хулласи калом, программаи мазкур ҳучҷати муҳимест дар хусуси он ки партияи ле­нинӣ ба чӣ ноил гардид, чӣ мақсад дорад ва баҳри чӣ мубориза ва ҷонбозиҳо мекунад.

Программа дар таҳрири навинаш аз чаҳор фасл иборат аст. Дар фасли аввал «Гузаштан аз капитализм ба сотсиализм ва коммунизм — мазмуни асосии замони ҳозира» сухан аа боби аҳамияти оламшумули таъ­рихии Револютсияи Октябр, пойдор гаштани сотсиализм дар СССР ва муборизаи нерӯҳои тараққихоҳ бо ҳамаи кувваҳои иртиҷоӣ меравад. Дар ин фасли Программа таҳаввулоти азими иҷтимоиву сиёсие, ки дар мамлакат ба вуқӯъ пайваст, тавсиф шудааст. Таҷрибаи СССР, дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ афзалиятҳои баҳснопазири иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ, ғоявӣ ва маънавии ҷамъияти навро бо таври эътимод- бахш намоиш дод. Сотсиализм, ки бори нахуст дар мамлакати мо амри воқеъ гардид. ба системаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Тамоми рафти тараққиёти ҷаҳон таҳлили марксистӣ-ленинии характер ва мазмуни асосии давраи ҳозираро тасдиқ менамояд. Ин давра — давраи аз капитализм ба сотсиализм ва коммунизм гузаштан, мусобиқаи таърихии ду систе­маи иҷтимоиву сиёсии ҷаҳонӣ, дав­раи револютсияи сотсиалистӣ ва мил­лии озохоҳона, заводи мустамликадорӣ, давраи муборизаи қувваҳои асосии ҳаракатдиҳандаи тараққиёти ҷамъиятӣ — сотсиализми ҷаҳонӣ, ҳа­ракати коргарию коммунистӣ ва халқҳои давлатҳои озодшуда, ҳаракатҳои оммавии демократӣ ба муқобили империализм, сиёсати таҷовуз ва зулму ситами вай, барои демок­ратия ва прогресси ичтимоӣ мебо­шад.

– Фасли дуюми Программа дар хусу­си «Вазифаҳои КПСС дар соҳаи такмил додани сотсиализм ва тадриҷан гузаштан ба коммунизм» муфассал нақл менамояд. Таҳлили илмии айёми гузашта имкон медиҳад, ки пешомадҳои тараққиёти ҷамъияти советӣ, роҳу воситаҳои расидан ба мақсади ниҳоӣ — коммунизм аниқ муайян шаванд. Сотсиализм ва ком­мунизм ду фазаи пай дар пай форматсияи ягонаи коммунистианд. Байни онҳо ҳудуди ҷиддӣ нест, тараққиёти сотсиализм, торафт пурратар зоҳир шудани имконияту афзалияти он, мустаҳкам гардидани пояҳои умумикоммунистии хоси сотсиализм пешрафти ҳақиқии ҷамъият ба сӯи коммунизм аст. Коммунизм сохти ҷамъиятии бесинфиест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот моликияти ягонаи умумихалқӣ буда, ҳамаи аъзоёни ҷамъият аз ҷиҳати иҷтимоӣ комилан баробаранд, дар баробари ҳамаҷониба инкишоф ёфтани одамон қувваҳои истеҳсолкунанда ҳам дар асоси илм ва техникаи доимоинкишофёбанда тараққӣ мекунанд, ха­маи манбаъҳои сарватҳои ҷамъият фаровон мешаванд ва принсипи бузурги «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи талаботаш» татбиқ мегардад. Коммунизм ҷамъияти ба дараҷаи олӣ муташаккили меҳнаткашони озоду бошуурест, ки дар он худидоракунии ҷамъиятӣ пойдор мегардад, меҳнат ба нафъӣ ҷамъият талаботи аввалини ҳаёт, зарурати даркшудаи ҳама гардида, қобилияти ҳар кас ба нафъӣ ҳарчи зиёдтари халқ истифода мешавад. Ба қадри пеш рафтан ба сӯи он, ғун шудани таҷрибаи сохтмони комму­нистӣ тасаввуроти илмӣ дар хусуси фазаи олии ҷамъияти нав торафт ғанӣ ва аниқ мегардад. Ҷамъияти нав ояндаи худро бошуурона бунёд мекунад. Қонунҳои инкишофи ҷамъият зарурати аз сотсиализм ба коммунизм гузаштанро муайян менамоянд. Дар ҳалли вазифаҳои пухтарасида ҳам шитобкорӣ ва ҳам сусткорӣ норавост. Ҳар кӯшиши пеш гузаштан, ҷорӣ намудани принсипҳои коммунистӣ бидуни ба ҳисоб гирифтани дараҷаи камолоти моддӣ ва маънавии ҷамъият, чунон ки таҷриба нишон медиҳад, маҳкуми нокомӣ буда, боиси душвориҳои ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ шуда метавонад.

Партия ҳаминро ба назар мегирад, ки дар арсаи байналхалқӣ байни ду системаи ҷамъиятии мухолифи хамдигар баҳси таърихӣ давом дошта метавонад ва бояд бо роҳи осоишта ҳал гардад, сотсиализм бояд афзалияти баҳснопазири худро дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, илм ва маданият, баланд бардоштани дараҷаи зиндагии меҳнаткашон, инкишофи демократияи сотсиалистӣ исбот намояд. КПСС чунин мешуморад, ки ин­кишофи ҳамаҷонибаи ҷамъияти советӣ, пешравии мунтазами вай ба суй коммунизм бо роҳи тезондани тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъмин мегардад. Маҳз таҷаддуди босуръати илмию техникии истеҳсолот, ҳамаҷониба зиёд кардани маҳсулнокии меҳнат, беҳтар намудани сифати маҳсулот асоси таҳаввули содаи иқтисодиёт мебошад. Дар таҳрири нави Программа комёбиҳои таърихӣ ва афзалиятҳои сотсиа­лизм бештар тавсиф ёфта, тарҳи со­даҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳаёти маънавӣ, ки ҷамъияти советӣ тавассути иҷрои программа ба он ноил мегардад, тасвир шудааст. Пар­тия сиёсати иҷтимоиро воситаи тавоноӣ тараққии босуръати мамлакат, инкишофи фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятию сиёсии омма, ташаккули одамин, пойдор шудани тарзи ҳаёти сотсиалистӣ мешуморад. КПСС вазифа мегузорад. ки некӯаҳволии мардуми советӣ ба пояи сифатан нав бардошта шавад, дар ҳамаи ҷабҳаҳои асосии муносибатҳои ҷамъиятӣ адолати иҷтимоӣ торафт пурра­тар ҳукмрон бошад. Ҳамаи он чи ки дар Программа пешбинӣ шудааст, ба инсон, ба некӯаҳволию саодати вай хизмат мекунад.

Программа марҳалаи нави инки­шофи муносибатҳои миллиро дар СССР инъикос менамояд. Партия дар фаъолияти худ сермиллатии ҷамъияти советиро ҳамаҷониба ба назари эътибор мегирад. Нашъунамо ва ба ҳам наздик шудани миллатҳо ва халқиятҳои сотсиалистӣ аз вазифаҳои муҳимтарини партия ва давлат буда, ба такмили сотсиализм мусоидат менамоянд. Дар ин кор ягон таҳрики сунъӣ, ҳамчунин боздоштани тамоюлҳои объективии тараққиёт но­равост. Инкишофи ин ҷараён дар ояндаи дури таърихӣ боиси ягонагии комили миллатҳо мегардад. Дар ин фасли Программа ба масъалаҳои бартараф кардани тафовути синфӣ, ташаккули ҷамъияти аз ҷиҳати иҷтимоӣ якхела, инкишофи системаи сиёсии ҷамъияти советӣ эътибори ҶПДДИ дода шудааст. Дастурҳои про­граммавии соҳаи кори идеологӣ, ғоявию партиявӣ ҳам ба тезонидани тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ зич пайвастанд. Одамонро дар рӯҳи ғояҳои марксистӣ-ленинӣ, бо каломи ҳақ ва намунаи ибрат тавассути ваҳдати қавлу амал тарбия намуда ба камол расондан лозим аст.

Фасли сеюми таҳрири нави Про­грамма дар хусуси «Вазифаҳои КПСС дар арсаи байналхалқӣ, дар мубориза барои сулҳ ва прогресси иҷтимоӣ» баҳс намуда, тамоюли асосии тараққиёти ҷаҳонро инъикос мена­мояд, ки вай аз минбаъд мустаҳкам шудани мавқеи сотсиализм, афзудани обрӯву эътибор ва таъсири он иборат аст. Партия баҳри муноси­батҳои пойдори рафиқона ва ҳамкории ҳаматарафаи СССР бо тамоми давлатҳои системаи ҷаҳонии сотсиа­листӣ саъю кӯшиш мекунад. Сотсиа­лизм афзалиятҳои худро на бо зӯри яроқ, балки бо қувваи ибрат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ исбот монамояд.

Фасли чорум ба тавсифи партия ҳамчун қувваи раҳнамои ҷамъияти советӣ бахшида шудааст. Партия роҳеро тай кард, ки аз ҷиҳати амиқӣ ва қувваи таъсираш ба тараққиёти ҷамъиятӣ беҳамтост. Вай аз нахустии кружокҳои марксистӣ, ба воситаи се револютсияи халқӣ босуръат то ба мартабаи роҳбари давлати бузурги сотсиалистӣ расид. Партия илҳомбахшу ташкилотчии эҷодкори таърихии омма, қувваи роҳбару раҳнамои ҷамъияти мост.

Ад.: Программаи Партияи Коммунис­тии Иттифоқи Советӣ (таҳрири нав), Д., 1986.            ЯГ.

М. Султонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …