Маълумоти охирин
Главная / Илм / «ПРОГНОЗ»

«ПРОГНОЗ»

8fc65828c5

«ПРОГНОЗ», номгӯи силсилаи радифони маснӯи советии Замни — расадхонаҳои офтобии махсус, ки барои тадқиқи просессҳои хурӯҷи Офтоб, таъсири он ба муҳити байни сайераҳо ва магнитосфераи Замин таъин шудаанд. «Прогноз»-и аввалин 14 апрели 1972 cap дода шуд. «Прогноз» ба мадори эллипсӣ (дар апогей 200 ҳазор км ва дар перигей 550 км) аз ма­дори мобайнй (мадори радифи маснӯи Замин) бароварда мешавад. Масалан «Прогноз» 845 кг аст. Дар корпуси герметии «ПРогноз» асбобҳои илмӣ, аппаратураи комплексӣ радиотелеметрӣ, системаҳои танзими ҳарорат, таъминоти энергия ва ориентиронӣ ба Офтоб ҷойгиранд. Як қисми аппаратҳои илмӣ дар беруни корпус ҷой дода шудаанд. Аппаратҳои ил­мӣ барои тадқиқи афканишоти корпускулавӣ, гаммаафканишҳо ва аф­канишоти рентгении Офтоб, сели плазмаи Офтоб ва таъсири он ба магнитосфераи Замин, инчунин ба­рои тадқиқи майдонҳои магнитии фазоӣ наздизаминии кайҳон хизмат мекунанд. Баъзе асбобҳои «Прогноз» якҷоя бо он доимӣ ба Офтоб ориентиронида шудаанд. Мӯҳлати хизмати фаъоли «Прогноз»-ҳо беш аз 1 сол аст. То 1 январи 1985 9-то «Прогноз» cap дода шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …