Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОФИЛАКТОРИЯ

ПРОФИЛАКТОРИЯ

profilaktoriya

ПРОФИЛАКТОРИЯ, дар СССР муассисаи табобатӣ-ҷилавгирӣ, ки дар он коргарону хизматчиён аз истеҳсолот ҷудо нашуда, аз ёрии тиббӣ, тадбирҳои пешгирии беморӣ, осоишу истироҳат ва режими зарурӣ баҳра мебаранд. Профилактория ду намуд дорад: Профилакторияи умумитаб о б а т ӣ барои муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо, меъдаю рӯдаҳо ва ғайра. Ин Профилактория ба ташкилотҳои иттифоқи касаба итоат мекунад; Профилакторияи м а х с у с, тобеи органҳои нигаҳдории тандурустӣ барои табобати касалиҳои алоҳида (асосан сил). Дар баъзе шаҳрҳо Профилакторияҳои шабона барои пешгирии бемориҳои узви таносул ва Профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ ташкил кар­да шудаанд, ки дар онҳо майзадагони аз муолиҷа саркашикунандаро табобат мекунанд.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …