Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПРОФИЛАКТИКА

ПРОФИЛАКТИКА

tib

ПРОФИЛАКТИКА, пешгирӣ, дар тиб, чораҳои пешгирикунандаест оид ба муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатии одам. Профилактика ду хел мешавад. Профилактикаи шахси (гигиенаи шахсӣ дар зиндагӣ ва истеҳсолот) ва Профилактикаи ҷамъиятӣ (тадбирҳое, ки барои муҳофизати саломатии кол­лектив равона карда мешаванд). Мафҳуми Профилактика ва шаклҳои аниқи татбиқи он дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихии ҷамъият вобаста ба шароити сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, инчунин дараҷаи пешравии илм тағйир меёфт. Он аз қадимулайём дар сарчашмаҳои тибби халқӣ маъмул аст. Табибони машҳури за­мони гузашта пешгирии бомориро яке аз вазифаҳои муҳими тиб мешумориданд. Масалан, дар асарҳои Ибни Сино «Ал Қонун» ва Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи Хоразмшоҳӣ» масъалаҳои гигиенаи шахсӣ, ҳифзи саломатӣ ва парҳези оқилона мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Тавсияномаҳои ин асарҳо оид ба гиги­ена ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Тадқиқи асосҳои илмии Профилактика дар асри 19 cap шуданд. Ба ин омӯхтани роли муҳити беруна барои cap задани беморӣ, муваффақияти эпидемиология, гигиена, физи­ология, инчунин ҳарҷониба истифода бурдани ғояҳои ҷамъиятӣ дар тибби клиникӣ кӯмак расониданд. Мафҳуми ҳозираи Профилактика системаи чораҳои давлатӣ, тиббӣ ва ҷамъиятиро дарбар мегирад, ки мақсадашон бартараф намудани омилҳои ба саломатии инсон зараровар ва ҳаматарафа инкишоф додани қувваи ҷисмонию маънавии одам мебошад. Дар СССР ғояи тибби профилактикӣ дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои программаи партия ва ҳукумат қайд гардида, дар Конститутсияи СССР ва консти­тутсияи республикаҳои иттифоқи қонунӣ гардонида шудааст. Принсипҳои Профилактика дар асоси қонунҳои СССР ва республикаҳои иттифоқӣ оид ба нигаҳдории тандурустӣ (1969) баён карда шудаанд. Ин принсипҳо ёрии бепули тиббӣ, дар зиндагӣ ва истеҳсолот ташкил кардани тартиби хуби санитарию гигиенӣ, бартараф намудани сабабҳои маъюбшавӣ, бемориҳои касбӣ, тарбияи ҳаматарафаи ҷисмонӣ ва ғайра мебошанд. Ниг. низ Умури санитарию эпидемиологӣ ва Муҳофизати модарон ва кӯдакон. Тадбирҳои профилактикиро дар консултатсияҳои занона, бачагона, таваллудхонаҳо, боғчаи бачагон ва органҳои маорифи санитарӣ низ меандешанд. Дар Тоҷикистон маркази ташкилию методӣ доир ба татбиқ намудани ғояҳои тибби профилактикӣ дар амалия, муассисаҳои таълимӣ, тадқиқоти илмии тиббӣ (Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, Институти тадқиқоти илмии эпи­демиология ва гигиена, Институти гаст­роэнтерологияи АФ РСС Тоҷикистон), Ин­ститути тадқиқоти илмии муассисаҳои табобатию профилактикӣ (беморхонаҳо, диспансерҳо, санэпидстансия, хонаҳои маорифи санитарӣ) ва ғайра ме­бошанд.

Ад.: Семашко Н. А., Избр. произв., М„ 1967; Соловьев 3. Н„ Во­просы социальной гигиены и здравоох­ранения, Избр. произв., М., 1970.

И. С. Сатторов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …