Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОЕКСИЯ

ПРОЕКСИЯ

ПРОЕКСИЯ (лотинӣ projсere — пеш партофтан), тасвири ҳамворест, ки дар натиҷаи проектиронӣ ҳосил мешавад. Проектиронидани марказӣ, параллелӣ ва ортогоналӣ (росткунҷагӣ) мавҷуданд. Дар проектиронии марказӣ ҳамвории проексияҳо Н ва марказӣ проексияҳо S дода мешавад. Барои сохтани проек­сияи ягон шакли геометрӣ (масалан, секунҷаи АВС, ) аз марказӣ проексияҳо S ва қуллаҳои секунҷа А, В ва С шуоъҳо гузаронда, нуқтаҳои буриши онҳо ва ҳамвории проексияҳо (А1, В1, С1 )-ро муайян карда, онҳоро бо ҳам мепайванданд. Секунҷаи АВС— асли предмет, секунҷаи А1 В1 С1— проексияи марказӣ, хатҳои рости SA, SB, SC — шуоъҳои проексиякунанда ва ҳамвориҳои секунҷаҳои SAB, SAC, SBC — ҳамвориҳои проексиякунанда ном доранд.

proeksiya

Дар проектиронии парал­лелӣ замвории проексияҳо Н ва самти проектиронӣ S дода мешаванд. Дар ин маврид барои сохтани проек­сияи ягон шакли геометрӣ (масалан, секунҷаи АВС) шуоъҳои проексиякунандаро аз қуллаҳои секунҷа А, В ва С ба самти проектиронӣ S параллел карда гузарондан лозим аст. Проексияи параллелӣ дар яавбати худ вобаста ба самти шуоъҳои проексиякунанда нисбат ба ҳамвории проексияҳо ба проексияи параллелии каҷкунҷа ва проексияи параллелии росткунҷа ҷудо мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …