Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ БАРНАГАРДАНДА

ПРОСЕССИ БАРНАГАРДАНДА

ПРОСЕССИ БАРНАГАРДАНДА, просесси физикиест, ки он худ аз худ танҳо ба як самти муайян ҷараён гирифта метавонад. Ҳодисаҳои диффузия, гарминақлкунӣ, термодиффузия, шороиши ғилзати, дар халоъ васеъ шудани газ ва ғайра мисолҳои Просесси баргарданда мебошанд. Ҳама гуна Просесси баргарданда просесси номувозинат аст. Дар системаҳои сарбаста Просесси баргарданда ҳамроҳа бо афзоиши Энтропия сурат мегирад. Дар системаҳои кушода, ки бо муҳити атроф тавассути модда ё энергия додугирифт мекунанд, дар ҷараёни Просесси баргарданда бузургии энтропия як хел мемонад ё худ аз ҳисоби муовиза ба муҳит кам мешавад. Вале дар ҳамаи мавридҳо истеҳсоли энтропия дар система, яъне афзоиши энтропия дар воҳиди вақт аз сабаби ҷараён доштани Просесси баргарданда мусбат мемонад.

Термодинамикаи классикӣ, ки просессҳои мувозин — просесси бар­гардандаро меомӯзад, барои Просесси баргарданда як қатор нобаробариҳоро муқарpap намудааст, ки самти имконпазири ҷараёни Просесси баргардандаро муайян мекунанд. Просесси баргардандаро термодинами­каи просессҳои н о м у в о з и и ва назарияи статистик просессҳои номувозин меомӯзанд. Просесси баргарданда бештар дар газҳо бо ёрии муодилаи кинетикии Болтсман омӯхта шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …