Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИЗМАИ НИКОЛ

ПРИЗМАИ НИКОЛ

nicol_prisms

ПРИЗМАИ НИКОЛ, ҳикоя, асбоби оптикиест, ки чун поляризатор ва анализатор истифода мешавад ва аз худ фақат шуоъҳои хаттӣ поляризатсияшудаи самти поляризатсияашон муайянро (ниг. Поляризатсия) мегузаронад. Соли 1828 физики англис У. Никол (W. Nicol) кашф кардааст. Онро аз шпати исландӣ (СаСо3) дар шакли призмаи чоррӯя месозанд, ки ду кунҷи муқобилхобидааш 68° мебошад. Призмаро аз рӯи ха­те, ки ба рӯяи кунҷаш 68° перпен­дикуляр аст, бурида ба ду ҳисса ҷудо мекунанд ва дар ду қисми ҳосилшударо сайқал дода, онҳоро ба ҳамдигар бо балзами канадӣ мечаспонанд. Азбаски нишондиҳандаи шикасти балзами канадӣ аз нишондиҳандаи шикасти шпати исландӣ хурд аст, шуоъҳои табиие, ки ба он таҳти кунҷи калонтар аз кунҷи ҳудудӣ меафтанд, пурра инъикос мешаванду шуоъҳои дигар (шуоъҳои поляриватсияшуда) аз призма нашикаста мегузаранд. Призмаи Никол дар ҷиҳози оптикӣ истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …