Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИЗМА

ПРИЗМА

ПРИЗМА (юнонӣ prisma), бисёррӯяест, ки ду рӯяи n -кунҷа (а с о с-ҳ о и Призма) дорад ва п то рӯяаш (р ӯ я ҳ о и паҳлӯии II.) параллелограмҳоанд. Асосҳои Призма конгруэнтианд ва дар ҳамвориҳои параллелӣ воқеанд. Агар ҳамвории рӯяҳои паҳлӯӣ ба ҳамвории асос перпенди­куляр бошад, Призмаро рост ва агар Призмаи рост бисёркунҷаи мунтазам бо­шад, онро Призмаи мунтазам меноманд. Вобаста ба миқдори кунҷҳои асос Призмаҳо секунҷа, чоркунҷа ва ғайра мешаванд. Ҳаҷми Призма ба ҳосили зарби масоҳати асос бар баландӣ (масофаи байни асосҳои Призма) баро­бар аст. Ниг. низ Бисъёррӯя.

prism

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …