Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРЕЙСКУРАНТ

ПРЕЙСКУРАНТ

avidd_apple_price_list_1977_front

ПРЕЙСКУРАНТ (немисӣ Preiskuraot, аз Preis — нарх ва франсавӣ courant — ҷорӣ), маҷмӯаи системаноки нарх (тарифҳо)-и гурӯҳҳо ва намудҳои молу хизмат. Дар СССР барои нархи яклухту чакана Прейскуранти алоҳида ва барои хизмати корхонаҳои маишию коммуналӣ ва нақлиёт тарифҳо нашр мешаванд. Дар Прейскурант аз рӯи стандарт ё шарти техникии маҳсулот, ном, там­ға (шифр, модел, артикул), рақами стандарт ё шарти техникӣ (бо қайди кай ва аз тарафи кӣ тасдиқ шуда­аст, маълумоти мухтасари техникии маҳсулот), воҳиди ченак ва нарх нишон дода мешавад. Ба молҳои аз рӯи нархҳои минтақавӣ фурӯхташаванда (маҳсулоти гӯшту шир, тухм, қанд, нон ва ғайра) вобаста ба минтақаи дахлдор нарх гузошта мешавад. Прейскуранти умумииттифоқии нархи яклухтро ба маҳсулоти асосии истеҳсолоти техни­кӣ (сузишворӣ, қувваи электр, ме­таллоҳои сиёҳ ва ранга, маҳсулоти саноати химия ва ғайра) ва маҳсулоти муҳимми сермасрифи аҳолӣ (газвор, пойафзол, маҳсулоти трикотажӣ, ра­дио, нон, қанд, гӯшт, шир, моҳӣ ва ғайра) сарфи назар аз муассисаҳое, ки ин молҳоро истеҳсол кардаанд, Комитети давлатии нархи СССР тасдиқ мекунад. Комитетҳои давлатии республикаҳои иттифоқӣ Прейскуранти республикавиро ба молҳои таъиноти истеҳсоли, ки корхонаҳои вазоратҳои ресиубликавӣ мебароранд, инчунин ба гурӯҳи калони молҳои сермасрифи аҳолӣ (маҳсулоти дӯзандагӣ, мебел, зарфҳо ва ғайра) тасдик мекунад. Совети Вазирони республикаҳои автономӣ, комитетҳои иҷроияи кишварӣ (вилоятӣ) ва шаҳрӣ Прейскуранти нархҳои чаканаро ба бисёр молҳои таъиноти хоҷагӣ, сабзавоту меваҷот, инчунин тарифҳои хизмати маишию коммуналиро тасдиқ мекунад. Назорат оид ба риояи Прейскуранти ҷориро органҳои нархмонӣ ва назорати халқӣ ба амал мебароранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …