Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРИНСИПИ ЯКДИЛӢ

ПРИНСИПИ ЯКДИЛӢ

ПРИНСИПИ ЯКДИЛӢ дар ТДМ, яке аз принсипҳои асосии Устави ТДМ мебошад, ки он барои аз тарафи Совети Амният қабул кардани қарор (доир ба ҳамаи масъалаҳо, бидуни масъалаҳои проседурӣ) овоз додани 9 аъзои (то соли 1965—7 аъзо) Совети Амният ва мувофиқати овозҳои ҳамаи аъзоёни доимии Совет — СССР, ИМА, Британияи Кабир, Фран­сия ва Хитой (моддаи 27 Устави ТДМ) зарур аст. Ба Устави ТДМ ҳамаи моддаҳо, ислоҳҳо ва тағйиротҳо бо ризоияти давлатҳои бузург дохил карда мешаванд.. Аъзои доимии Со­вети Амният ба ҳама гуна қарори Совет монеъ шуда метавонад (моддаи 27 Устави ТДМ). Аз ин рӯ, Принсип баъзан маънои ҳуқуқ ба вето доштани аъзоёни доимии Совети Амниятро дорад.

p-yakdili

Ба зиммаи Совети Амният масъулияти асосӣ — муҳофизати сулҳу амнияти байналхалқӣ ва таъмини он гузошта шудааст. Совет ҳуқуқи қарорқабулкунӣ дорад. Қарорҳои он барои ҳамаи аъзоёни ТДМ ҳатмӣ мебошанд. Аз ин рӯ, Совети Амният метавонад бар зидди вайронкунандагони сулҳу амнияти байналхалқӣ чораҳои маҷбуркунии коллективонаро андешад. Инчунин маъно дорад, ки давлатҳои аъзои ТДМ дар таъмини мақсад ва принсипҳои ТДМ, сулҳу амният аҳамияти му­ҳими ширкати аъзоёни доимии Со­вети Амниятро эътироф мекунанд. Принсипи аъзоёни доимии Совети Амният ба он ҳақиқати сиёсие асос меёбад, ки таъмини ҳамкории осоиштаи дав­латҳои бузург ва амалиёти муштараки онҳо роҷеъ ба ташкили бехатарии коллективи шарти зарурии таъмини сулҳи байналхалқӣ ва за­минаи инкишофи муносибатҳои ҳамкории байни ҳамаи давлатҳо мебошад.

СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ сиёсати ҳамзистии осоиштаро бо мамлакатҳои сохти иҷтимоиашон гуногуи пеш бурда, ба­рои аз тарафи ҳамаи давлатҳо эътироф кардан ва амалӣ гардонда аз он ҷидду ҷаҳд менамояд. СССР дар ТДМ ба муқобили вайрон кардани Принсип мунтазам ва устуворона мубориза мебарад. Давлатҳои импе­риалисте бо роҳи пешниҳод кардани таклифҳои ғайриқонунӣ дар бораи ба зиммаи Ассамблеяи Генералӣ гузоштани вазифаю ваколатҳои Совети Амният принсипҳои Принсипро вайрон карданӣ мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …