Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ ПАУЛИ

ПРИНСИПИ ПАУЛИ

ПРИНСИПИ ПАУЛИ, яке аз муҳимтарин принсипҳои механикаи квантист. Таърифаш: ду (ё беш) зарраи айнан якхелае, ки спини нимбутун доранду ба таркиби як системаи физикӣ дохил мешаванд, дар як вақт дар ҳамон як ҳолати квантӣ буда наметавонанд. Принсипи Паулиро соли 1925 В. Па­ули зимни тавсифи квантии электронҳо пешниҳод карда буд. Сонитар онро барои тавсифи ҳама гуна зарраҳо (зарраҳои элементарӣ, ядроҳо, атомҳо, молекулаҳо)-и спинашон нимбутун (ба истилоҳ фермионҳо) истифода мебурдагӣ шуданд. Принсипи Паули дар назарияи атом махсусан муҳим аст; вай бо кадом тартиб пур шудани қабатҳои электронӣ ва аз ин рӯ, хусусиятҳои химиявии атомро муайян мекунад. Принсипи Паули бо қонуниятҳои статистӣ сахт алоқаманд аст. Системаҳои зарраҳое, ки барои онҳо Принсипи Паули ҷоиз аст, бо статистикаи Ферми-Дирак шарҳ дода мешаванд (бар хилофи статистикаи Бозе-Эйнштейн, ки системаи зарраҳои спинашон бутун, масалан, фотонҳоро тавсиф менамояд). Принсипи Паули дар назарияи ядро, назарияи реаксияҳои ядроӣ ва реаксияҳои байни зарраҳои элементарӣ низ мавқеи намоён дорад.

А. Шукуров.

p-pauli

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …