Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ

ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ

ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ, та носуби номуайяниҳо, тан о с у б и носаҳеҳиҳо, аз нуқтаҳои асосии механикаи квантист, ки бино ба он ду бузургии ҳамтарҳи ба як объекти физикӣ мансуб (масалан, координата ва импулси элек­трон)-ро дар як вақт аниқ муайян кардан мумкин нест. Припсипи номуайяниро В. Гей­зенберг соли 1927 кашф кардааст. Припсипи номуайянӣ табиати дугонаи хосияти зарраҳои материя (дар айни замон хосияти ҳам корпускула ва ҳам мавҷродоштани онҳо) -ро ифода менамояд. Аз Припсипи номуайянӣ чунин бармеояд: яке аз бузургиҳои ба нобаробарии мазкур дохилшаванда дар қадар аниқ му­айян карда шавад, қимати бузур­гии дигар ҳамон қадар номуайян мемонад. Дар зимни ягон санҷишу озмоиш дар ду тағйирёбандаи динамикиро ба ҳадди баробар аниқ муайян кардан мумкин нест, зеро ин номуайянӣ ба дақиқии худи асбоби андозагир вобаста набуда, аз хосиятҳои объективӣ материя бар­меояд. Припсипи номуайянӣ ҳадде ё садде нест, ки ҷараёни дониши инсонро маҳдуд кунад. Таъбири материалистонаи Припсипи номуайянӣ хулосаҳои файласуфони агностикро рад намуда, дар айни замон махсусиятҳои маърифати зарраҳои элементарии материяро ба ҳисоб мегирад.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …