ПРИНСИПИ Д’АЛАМБЕР-ЛАГРАНЖ, яке аз принсипҳои асосии механика аст. Таърифаш: агар ба қувваҳои фаъоле, ки ба нуқтаҳои системаи механикии алоқаи механикиашон идеалӣ таъсир мекунанд, қувваҳои инерсияро зам кунем, он гоҳ дар ҳар лаҳзаи вақт ҳосили ҷамъи корҳои элементарии қувваҳои фаъол ва қувваҳои инерсия барои ҷойивазкунии дилхоҳи система ба сифр баробар хоҳад шуд. Принсипи Д’Аламбер- Лагранж усули умумии ҳалли масъалаҳои динамика ва статикаро ифода намуда, ҳаракати системаи механикиро бидуни реаксияҳои алоқаи номаълум тадқиқ менамояд. Мавсум ба олимони франсавӣ Ж. Д’Аламбер ва Ж. Лагранж.
Tags Механика
Инчунин кобед
САТҲ (дар математика)
САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …