Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРЕЗИНҶАНТРОП

ПРЕЗИНҶАНТРОП

prezinjantrop

ПРЕЗИНҶАНТРОП (саромади зинҷантроп: аз лотинӣ рrае — пеш, дар пеш), номи шартии приматҳои олӣ, ки боқимондаи устухонҳои онҳоро соли 1960 антрополог ва бостоншиносӣ англис Л. Лики дар дараи Олдовай (Танзания) кашф намуд. Барои он чунин номида шудааст, ки дар қабати нисбат ба қабати устухонҳои зинҷантропдор қадимтар ба даст омадааст. Презинҷантроп зиёда аз 2 млн сол пещ вуҷуд дошт. Якҷоя бо Презинҷантроп олоти қайроқсангӣ ёфт шуд, ки аз ин сабаб баъзе муҳаққиқон онро одам ҳисобида, Ноmо habilis (одами ӯҳдабаро) номидаанд. Дигар олимон Презинҷантропро намояндаи австралопитекҳо (Australo- pithecusbabilis) мешуморанд.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …