Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРЕТОРИҲО

ПРЕТОРИҲО

ПРЕТОРИҲО (аз лотинӣ praetoriani), дар Рими Қадим қисми имтиёзноки лашкар. Аввалҳо посбонони сарлашкаронро Преториҳо меномиданд, ки онҳо дар ибтидо аз иттифоқчиёни римиҳо, аз асри 2 то мелод cap карда, аз байни саворагони римӣ гирифта мешуданд. Дар аҳди Август гвардиячиёни императорро низ Преториҳо меномиданд. Преториҳо танҳо аз итоликҳо ташкил карда шуда, нисбат ба легионерҳо кам хизмат мекарданд, зиёдтар маош мегирифтанд. Сонитар ба Преториҳо аҳолии музофот ҷалб карда шуда, он аҳамияти пештараашро гум кард. Дар аҳди Константини Кабир (ибтидои асри 4) Преториҳо ба қисмҳои дарборӣ иваз гардиданд.

pretoriho

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …