Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОТЕКТОРАТ

ПРОТЕКТОРАТ

ПРОТЕКТОРАТ (аз лотинӣ protec­tor — ҳомӣ, муттако). 1) яке аз шаклҳои тобеияти мустамликавӣ, ки як давлат аз рӯи шартномаи махсуси байналхалқӣ ҳалли масъ-алаҳо ва додугирифти хориҷиашро ба ӯхдаи давлати дигар мегузорад. Баробари ин давлати ҳомӣ оид ба корҳои дохилӣ машваратчӣ е роҳбар (резидент) қабул карда, танҳо дар баъзе масъалаҳо мустақилии худро нигоҳ медорад. Дар таърихи муносибатҳои байналхалқӣ борҳо амалиёти яктарафаи Протекторат. мушохида шудааст. Масалан, соли 1914 Британияи Кабир ба воситаи декларатсияи яктарафа аз болои Миср, ки аслан соли 1882 забт шуда буд, Протекторат барқарор кард. Соли 1939 Германияи гитлерӣ аз болои Чехия ва Моравия, ки қурбони таҷовузи фашистӣ гардида бу­данд, Протекторат барқаpop намуд.

Протекторат ифодаи вайрон кардани принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқукҳои байналхалқии за­мони ҳозира, пеш аз ҳама, припсипи вайрон намудани ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳост, ки дар Устави ТДМ қайд шудааст. Нигоҳдорӣ ё кӯшиши аз нав ҷорӣ намудани режими Протекторат хилофи Деклара­тсияи додани истиқлолият ба мамлакатҳо ва халқҳои мустамлика (i960) мебошад. Протекторати Франсия бар Монако (аз соли 1861), Италия бар Сан-Марино (аз 1862), Швейтсария бар Лихтенштейн (аз 1924) то ҳол ҷой дорад; 2) режими диктатураи ҳарбӣ дар Англия (1653 — 1659), ки 16 декабри соли 1653 таъсис шуда, тамоми ҳокимиятро ба ихтибри О. Кромвел додааст.

1321597941_prot

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …