Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРЕФИКС

ПРЕФИКС

ПРЕФИКС (Франсавӣ prefix, аз лотинӣ praeiixus —ба пеш часпондашуда), сарчаспак, он қисми калима (аффикс), ки пеш аз реша омада, маънои лексикӣ ва грамматикии онро тағйир медиҳад. Дар забони тоҷикӣ Префиксҳо нисбат ба суффиксҳо миқдоран каманд ва аз рӯи хусусиятҳои луғавию грамматвиашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) Префиксҳои калимасоз — ба реша ҳамроҳ шуда, ба онҳо маънои нав мебахшанд ва калимаи нав ба вуҷуд меоранд: боздид, ҳамсоя, нодон, даргирифтан, барвақт, торафт ва ғайра.; б) Префиксҳои шаклсоз, ки шакли морфологӣ месозанд. Дар системаи феъли забони тоҷикӣ Префиксҳои на-, ме- ва би- ҳамин гуна хусусият доранд: наовард, нашунид, мешавад, бигуфт, бифармуд ва ғайра.

Ад.: Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология, Қ. 1, Д„ 1973.            А. Мирзоев.z

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …