Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРАВОСЛАВИЕ

ПРАВОСЛАВИЕ

pravoslavie

ПРАВОСЛАВИЕ, яке аз равияҳои асосӣ ва куҳнатарин (дар қатори католитсизм ва протестантизм) дар масеҳият. Асосан дар Европаи Шар­қӣ ва Шарқи Наздик нуфуз дорад. Дар соли 395 баробари ду тақсим шу­дани Империяи Рим (ба Ғарбию Шарқӣ) пайдо шудааст. Ҳамчун калисои мустақил соли 1054 ташаккул ёфтааст. Аҳкомаш асрҳои 9—11 дар Византия муайян шудааст: Эътиқоди православӣ, ки асоси муштараки масеҳӣ дорад, бар поя и каломи муқаддас (Библия) ва ривояти муқаддас қарор гирифтааст. Аҳкоми масеҳият нуктаҳои асосии дини масеҳӣ ба шумор меравад, ки онхоро анҷуманҳои ҷаҳонӣ қабул карда буданд. Тавассути калисои православӣ аҳкоми мазкур “илҳоми илоҳӣ”-и мутлақу абадӣ, тағйирнаёбандаву даркнашаванда эълон шуда буд. Православие аҳкоми католитсизмро баъди чудо шудани калисо (яъне аз худо-падар ва худо-писар ҷудо шудани рӯҳи муқаддас, таълимот дар бораи сарварии папаи Рим, мавҷудияти ода­ми барзах, обистании порсоёнаи Марям ва гайра) нодуруст ва муқобили ривояту навиштаҷоти муқаддас медонист. Асоси русуми Православиеро ба мисли ка­толитсизм, ҳафт моросим ташкил медиҳад, вале тарзи гузаронидани мо­росимҳои мазкур аз ҳам фарқ мекуманд. Маросими ибодати Православӣ литургия (амалибти саҳнавию мусиқӣ бо дуохонӣ, қироати навиштаҷоти муқаддас ва ғайра) номида мешавад. Маросими мазкур бо забони маҳалли (миллӣ), баъзаи бо забонҳои мурда (архаистӣ) низ гузаронда мешавад. Православие идҳои умумимасеҳӣ, аз қабили мавлуди Масеҳ, рӯза (пасха) ва ғайраро пурра эътироф мекунад, вале идҳои баъди чудо шудани калисо бавуҷудомадаро намепазирад; Пасхаи баҳори «бу­зург», тобистони «петров», тирамоҳи «успенский» ва «мавлуд»-и зимистонӣ низ аз унсурҳои таркибии оини православӣ ба шумор меравапд. Бар хилофи католитсизм ва протестантизм, ки тақвими грегорианиро истифода мекунанд, аксари калисоҳои православӣ аз тақвими юлианӣ истифода мебаранд. Мувофиқи таълимоти Православие рӯҳониён фақат як бор хонадор шуда метавонанд. Православие ташкилоти ягонаи калисоӣ (ба мисли Ва­тикан дар католитсизм) надорад. Интишори масеҳият дар шакли Православие ба сарзамини рус аз миёнаи асри 9 оғоз ёфта, соли 988 диди давлатии Руси Киевӣ эълон шуд.

Бо ғалабаи сотсиализм дар СССР ва сохтмони сотсиализм дар баъзе мамлакатҳои дигар, Православие мавқеъҳои худро аз даст дод. Дар замони ҳозира иде­ология ва фаъолияти сиёсии Православие ба куллӣ тағйир ёфтааст. Бо мақсади нигоҳ доштани нуфузи дин дар байни омма Православие муносибати худро нис­бат ба шароити кунунӣ дигар кар­да, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатҳои сотсиалистиро дастгирӣ мекунад ва дар амнияти байналхалқӣ фаъолона иштирок менамояд. Бо ин ҳама муросокорӣ ва замонасозӣ дар ша­роити прогресси иҷтимои ва маънавӣ, инкишофи бемайлони атеизми оммавӣ Православие ҳамчун боқимондаи урфу одатҳои гузашта дар шуури диндорони мамлакатҳои сотсиалистӣ за­вод ёфта истодааст.

Ад.: Новиков М. П., Православие и современность, М„ 1965; Гордиен­ко Н. С., Современное православие, М., 1968; Титов В. С., Православие, М., 1974.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …