Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПРАВДА ВОСТОКА

Деҳаи ПРАВДА ВОСТОКА

ПРАВДА ВОСТОКА, деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳқонобод, шаҳри Ҳисори Тоҷикистон. Территорияи колхози «Съезди 22-юми пар­тия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 2 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 710 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёчаи Чангоб ва Канали Калони Ҳисор обёри мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …