Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Газетаи «ПРАВДА»

Газетаи «ПРАВДА»

«ПРАВДА» («Ҳақиқат»), газетаи ҳаррӯза, органи КМ КПСС, дар Москва нашр мешавад. В. И. Ле­нин соли 1912 таъсис кард. Шумораи аввалини «Правда». 22 апрели (5 май) 1912 аз чоп баромад. Ба ҳамин муносибат рӯзи 5 май ҳар сол дар СССР ҳамчун Pӯзиu матбуот қайд карда мешавад. Таърихи «Правда», бо таърихи КПСС, анъанаҳои матбуоти болшевики алоқаманд аст. Аз шумораи аввалин «Правда», пропагандисти фаъоли ғояҳои марксизм-ленинизми минбари Партияи Коммунистӣ, ташкилотчии оммаҳои меҳнаткашон дар револютсияи сотсиалистӣ буда, бо меншевикону тротскийчиён, эсэрҳо ва оппортунистони дигар муборизаи оштинопазир мебурд, алоқаи болшевиконро бо меҳнаткашон мустаҳкам мекард.

gazeta-pravda

Солҳои 1912—1914 В. И. Ленин бевосита ба «Правда» роҳбарӣ намуда, муаллифи фаъоли он буд. Ӯ доир ба масъалаҳои муҳими ҳаракати револютсионӣ, идеология, кори партиявӣ зиёда аз 280 мақола чоп кунонд. Тиражи газета дар ин давра 40 ҳазор нусха буд. Дар кори редаксия бисёр ходимони партия фаъолона иштирок доштанд. Ленин ба кори «Правда» қувваҳои тараққипарвари адабиётро ҷалб намуд. Ба шӯъбаи адабиёт ва санъат М. Горкий роҳбарӣ мекард. Ҳукумати подшоҳӣ «Правда»-ро бераҳмона таъқиб менамуд. Дар давоми ду солу се моҳи мавҷудияти худ «Правда» 8 маротиба баста шуд, аммо газета бо номҳои дигар: «Рабочая правда», «Северная прав­да», «Правда труда», «За правду», «Пролетарская правда», «Путь правды», «Рабочий», «Трудовая правда» нашр гардид. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) ҳукумати подшоҳӣ чопи газетаро манъ карда, ходимони онро ба хабс гирифт. Баъди сарнагун шудани ҳукумати подшоҳӣ 5 (18) марти 1917 чопи «Правда» ҳамчун органи КМ ва Комитети петербургии РСДРП(б) аз нав барқарор гардид. Аз апрели 1917 ба чопи «Правда». Ленин роҳбарӣ кард. Аз апрел то октябр 170 мақолаи ӯ, аз ҷумла Тезисҳои апрелӣ, маърузаи дар Конференсияи апрелии РСДРП (б) хондааш чоп шуд. «Правда» дар тайёр намудан ва гузаронидани Револютсияи Октябр роли калон бозид, 5 (18) июли 1917 Ҳукумати муваққатӣ редаксияи «Правда»-ро торумор кард, аммо вай боз бо номҳои «Листок Правды», «Пролетарий», «Рабочий», «Рабочий путь» чоп мешуд. Баъди Револютсияи Октябр аз 27 октябр (9 ноябр) 1917 бо номи «Правда». ҳамчун органи КМ РСДРП (б) нашр гашт. Аз 16 марти 1918 дар Москва чоп мешавад. То соли 1952 органи комитетҳои Марказӣ ва Москвагии ВКП(б), аз октябри 1952 органи КМ КПСС.

Дар солҳои Ҷанги гражданӣ коргарон ва деҳқононро муттаҳид кар­да, бар зидди контрреволютсия мубориза мебурд. Газета шанбегиҳои коммунистиро фаъолона тарафдорӣ мекард. Вай на фақат пропагандис­ту агитатори коллективӣ, балки таш­килотчии оммаи васеъ хам буд ва мебошад. Солҳои панҷсолаҳои аввал редаксияҳои сайёри «Правда», дар тамоми участкаҳои сохтмони мамлакат амал мекарданд; дар коллективонидани хоҷагии қишлоқ ва гузаронидани револютсияи маданӣ саҳми арзандае гузошт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Правда», халқро дар атрофи партия муттаҳид намуд, ӯро бар зидди истилогарони немис ба по хезонд. Баъди ҷанг меҳнаткашони мамлакатро ба сохт­мони ҷамъияти коммунистӣ сафарбар намуда, ҳаёти КПСС ва ҳамаи халқи советӣ, масъалаҳои инкишофи иқтисодиёт, илму техника, маориф, адабиёту санъат ва дӯстии халқҳоро реалистона инъикос мекунад ва барои пойдор гардондани сулҳу амният мубориза мебарад. Дар саҳифаҳои газета программаи ленинии сулҳ, ки съезди 24-уми КПСС онро қабул ва Съездҳои 25 ва 26-ум такмил додааст, инъикос меёбад. «Правда» ҷараёни револютсионии мамлакатҳои капиталистӣ ва ҳаракати миллии озодихоҳии мамлакатҳои мустамликавиро фаъолона тарафдорӣ мекунад. Дар Москва ва 42 шаҳр (дар як вақт тавассути алоқаи фототелеграфӣ ё матриса) бо тиражи умумии зиёда аз 11 мля 500 ҳазор (1979) нусха нашр мешавад. Сарвари коллективи редаксияи «Правда». ҳайати таҳририя мебошад, ки онро КМ КПСС тасдиқ мекунад. Дар СССР ва 203 риҷа шумораи бисёри мухбирояи «Правда» кор мекунанд. Газета аз калонтарин агентиҳои телеграфии ахборот мегирад. «Правда» дар сахифаҳои худ ҳаёти республикаи моро низ васеъ инъикос менамояд, проблемахои муҳими хоҷагии халқ, илм ва маданиятро муҳокима мекунад. Дар он асарҳои С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ғафуров, М. Турсунзода, М. Миршакар ва дигарон адибону олимони номии тоҷик, мутахассисон ва пешқадамони истеҳсолоти республика доимо чоп мешаванд. «Правда» бо 2 ордени Ленин (1945, 1962) ва ордени Револютсияи Октябр (1972) мукофотонида шудааст.

Ад.: «Ленин в «Правда», М.. 1970; Логинов В. Т., Ленинская «Правда» (1312—‘14 гг), М., 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …