Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРАГМАТИЗМ

ПРАГМАТИЗМ

ПРАГМАТИЗМ (аз юнонӣ pragma — амалиёт, фаъолият), таълимоти субъективию идеалистии фалсафӣ, ки солҳои 70 асри 19 дар ШМА пайдо шуда, махсусан солҳои пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар муҳити маънавии мамлакат нуфузи калон пайдо кар­дааст.

Прагматизм ҳамаи фалсафаи пешинаро ба муҷаррадӣ, муроқибавӣ ва аз ҳаёт дур будан гунаҳкор карда, программаи «таҷдиди фалсафа»-ро ба миён гузошт. Мувофиқи таълимоти Прагматизм методи умумии фалсафа бояд на муҳокимаи шаклҳои нахустини дастӣ ва маърифат, балки ҳалли масъалаҳое бошад, ки инсон дар лаҳзаҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияташ ба онҳо дучор мешавад. Прагматизм чун анъанаи эмпиризми субъективию идеалистӣ ҳамаи олами берунаро бо «таҷриба» айният дода, онро на ба ядрок, балки ба таҷриба нисбат медиҳад. Прагматизмро ҷиҳати эмпиризми субъективию идеалистии он ба махизм ва тамоюли ирратсионалистиаш ба таълимоти файласуфи франсавӣ Л. Бергсон наздик мекунад. Прагматизм таълим медиҳад, ки таҷриба ҳеҷ гоҳ аз азал чизи муайян набуд, ва­ле ҳамаи объектҳои маърифат ҳангоми ҳалли вазифаҳои бамиёномадаи ҳаётӣ ва бо саъйи маърифатии одам ташаккул моёбанд. Прагматизм ғояҳои Ч. Дарвинро нодуруст маънидод намуда, тафаккурро чун воситаи ба муҳит мутобиқ намудани организм медонад. На маърифати реалисти объоктивӣ, балки бартараф кардани шубҳа, ки барои фаъолият (Ч. Пирс), интихоби воситаҳои ба даст овардани мақсад (В. Ҷемс) монеа мебошад, вазифаи ақл дониста мешавад. Ғоя, мафҳум ва назария маҳз асбоб, яроқ ё плани амалиёт аст. Мувофиқи «принсипи Пирс» аҳамияти онҳо пурра ба натиҷаҳои амалии имконпазир мансубанд. Аз ин рӯ, «… ҳақиқат чун фоида муайян кар­да мешавад…». Ҳақиқатро ба ин минвол муайян кардан хоси таъли­моти Прагматизм аст. Чунин муайянкунӣ боиси мутлақгардонии аҳамияти фои­да гардида, онро ба меъёри ягонаи ҳакиқати ғояҳо, ҳатто ба мазмуну мафҳуми ҳақиқат табдил медиҳад. «Прагматизм,— менависад В. И. Ле­нин — ба метафизикаи ҳам материа­лизм на ҳам идеализм истеҳзо мекунад, таҷрибаро ва танҳо таҷрибаро ситоиш менамояд, амалияро меъ­ёри ягонае мешуморад, умуман ба ҷараёни позитивистӣ истинод мекунад». (Ас., ҷилди 14, саҳифаи 398). Прагматизм бо мақсадҳои сиёсие, ки ба устуворшавии сохти мавҷуда мусоидат мекунад, истифода шудааст.

pragmatizm

Прагматизм охири солҳои 1930 дар фалсафаи америкоӣ нуфузи худро гум кардааст. Вале Прагматизм ҳоло ҳам ба ҳалли бисёр масъалаҳои методологӣ ва мантиқӣ таъсир мерасонад.

Ад.: Мельвиль Ю. К., Чарлз Пирс и прагматизм, М., 1968; Современная буржуазная философия, М., 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …